https://sputnik.tj/20220726/muttaki-maqomot-afghon-amniyat-hifz-1050262191.html
Муттақӣ гуфт, толибон амнияти Афғонистонро ҳифз карданд, мухолифин баръакс мегӯянд
Муттақӣ гуфт, толибон амнияти Афғонистонро ҳифз карданд, мухолифин баръакс мегӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии хукумати нави Афғонистон мегӯяд, мақомоти нави ин кишвар амниятро таъмин карданд кардаанд, аммо коршиносон мегӯянд чунин нест
2022-07-26T11:34+0500
2022-07-26T11:34+0500
2022-07-26T13:13+0500
афғонистон
ӯзбекистон
сиёсат
осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013525_0:0:2713:1526_1920x0_80_0_0_c031255c29b2e8c3c052646db2a11b23.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ба ҳукуматдорони нави Афғонистон давоми қариб як соли роҳбарии худ дар ин мамлакат муяссар гардид, ки амният, инчунин кори ниҳодҳои асосии давлатӣ таъмин гардад, гуфт вазири корхои хориҷии ҳукумати худхондаи толибон Амирхон Муттақӣ дар Тошканд. Рӯзҳои 25-26 июл дар Тошканд конфронси байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ" баргузор мешавад. Дар кори он қариб 100 ҳайати намояндагони хориҷӣ иштирок мекунад.Ба гуфтаи ӯ, мақомоти нави Афғонистон низ тавонистанд, ки тамоми кормандони собиқи вазоратҳои давлатиро дар худ нигоҳ доранд, ироаи хадамоти оддии давлатиро ба мардуми Афғонистон ташкил кунанд, "барои аввал фасодкорӣ тақрибан аз байн рафт".Вай ёдовар шуд, ки барои ҳамаи мухолифони сиёсӣ ва низомӣ афв эълон шудааст, "барои аввал дар таърихи Афғонистон сиёсати таҳаммулпазирӣ эълон шуд, касе ба далели идеологияҳои сиёсӣ аз кор ронда нашуд".Ин суханони вазири хориҷаи толибен дар ҳолест, ки ҷаҳон ба амалкардҳои ин гуруҳ зарфи наздик ба як соли ҳукмронияш назароти манфӣ додааст.Бино ба гузоришҳои созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла СММ бо ба қудрат расидани ин гуруҳ дар Афғонистон террористон дигарбора фаъор гардидаанд. Ба гуфтаи коршиносон ва шоҳидони ҳол, ин кишвар ба лонаи амн ва пойгоҳҳои террористон табдил шудааст, ки бо мақсадҳои гуногун ва фишор ба минтақа истифода мешаванд. Ин нуктаро Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ таъйид кард ва гуфт, ки барои ин асноди мушаххас доранд.Ба гуфтаи коршинос ва рӯзноманигори шинохта Раззоқи Маъмун, қатлу кушторҳои низомиёни собиқ ва кормандони давлатии қаблӣ афви эълонкардаи ин гуруҳро ботил кард ва дар умум чи чунин набуд.Ӯ гуфт, гуруҳе, ки дар гузашта омили ҳама бесуботиву қатлу куштору бомбгузориҳо дар кишвар буд, наметавонад таъминкунандаи амният бошад ва чунин даъво пеш оварад.Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан дар нишасти машваратии сароникишварҳои Осиёи Марказӣ бо зикри хушунатҳои ин гуруҳ гуфт, ки онҳо тавони идораи ин кишварро надоранд."18 нафар аз маъмурияти ҷунбиши толибон дар феҳристи террористон ва созмонҳои террористии Шӯрои амнияти СММ ҳастанд. Онҳо қодир ба ҳалли вазифаҳои идораи кишвар нестанд. Дар Афғонистон сиёсати таҷовузкоронаи табъиз алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва консерватизми шадиди мазҳабӣ идома - гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон.Маврид ба зикр аст, ки толибон минаи моҳи августи соли 2021 пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба қудрат расиданд.Ин гуруҳ ҳукумати худро ташкил дод, аммо наздик ба як сол мешавад, ки бинобар иҷро накардани тааҳҳудоти худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта намешавад.
https://sputnik.tj/20220726/uzbakiston-tolibon-ravobitro-terroristho-qat-1050262392.html
https://sputnik.tj/20220721/bad-rahmon-vaz-afghoniston-1050146409.html
афғонистон
ӯзбекистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013525_0:0:2713:2036_1920x0_80_0_0_810c341d9ab50415b5aa0522a06d95a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муттақӣ толибон амният афғонистон
муттақӣ толибон амният афғонистон
Муттақӣ гуфт, толибон амнияти Афғонистонро ҳифз карданд, мухолифин баръакс мегӯянд
11:34 26.07.2022 (Навсозишуда: 13:13 26.07.2022) Вазири умури хориҷии хукумати нави Афғонистон мегӯяд, мақомоти ҷадиди ин кишвар амниятро таъмин кардаанд, аммо коршиносон мегӯянд, воқеият чунин нест
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ба ҳукуматдорони нави Афғонистон давоми қариб як соли роҳбарии худ дар ин мамлакат муяссар гардид, ки амният, инчунин кори ниҳодҳои асосии давлатӣ таъмин гардад, гуфт вазири корхои хориҷии ҳукумати худхондаи толибон Амирхон Муттақӣ дар Тошканд.
Рӯзҳои 25-26 июл дар Тошканд конфронси байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ" баргузор мешавад. Дар кори он қариб 100 ҳайати намояндагони хориҷӣ иштирок мекунад.
"Дар 11 моҳ давлат тавонист амниятро таъмин кунад, ниҳодҳои амниятӣ ва тамоми сохторҳои асосии ҳукуматро ташкил кунад", - гуфт Муттақ зимни суханронияш дар конфронс.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти нави Афғонистон низ тавонистанд, ки тамоми кормандони собиқи вазоратҳои давлатиро дар худ нигоҳ доранд, ироаи хадамоти оддии давлатиро ба мардуми Афғонистон ташкил кунанд, "барои аввал фасодкорӣ тақрибан аз байн рафт".
Вай ёдовар шуд, ки барои ҳамаи мухолифони сиёсӣ ва низомӣ афв эълон шудааст, "барои аввал дар таърихи Афғонистон сиёсати таҳаммулпазирӣ эълон шуд, касе ба далели идеологияҳои сиёсӣ аз кор ронда нашуд".
Ин суханони вазири хориҷаи толибен дар ҳолест, ки ҷаҳон ба амалкардҳои ин гуруҳ зарфи наздик ба як соли ҳукмронияш назароти манфӣ додааст.
Бино ба гузоришҳои созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла СММ бо ба қудрат расидани ин гуруҳ дар Афғонистон террористон дигарбора фаъор гардидаанд.
Ба гуфтаи коршиносон ва шоҳидони ҳол, ин кишвар ба лонаи амн ва пойгоҳҳои террористон табдил шудааст, ки бо мақсадҳои гуногун ва фишор ба минтақа истифода мешаванд. Ин нуктаро Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ таъйид кард ва гуфт, ки барои ин асноди мушаххас доранд.
Ба гуфтаи коршинос ва рӯзноманигори шинохта Раззоқи Маъмун, қатлу кушторҳои низомиёни собиқ ва кормандони давлатии қаблӣ афви эълонкардаи ин гуруҳро ботил кард ва дар умум чи чунин набуд.
Ӯ гуфт, гуруҳе, ки дар гузашта омили ҳама бесуботиву қатлу куштору бомбгузориҳо дар кишвар буд, наметавонад таъминкунандаи амният бошад ва чунин даъво пеш оварад.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан дар нишасти машваратии сароникишварҳои Осиёи Марказӣ бо зикри хушунатҳои ин гуруҳ гуфт, ки онҳо тавони идораи ин кишварро надоранд.
"18 нафар аз маъмурияти ҷунбиши толибон дар феҳристи террористон ва созмонҳои террористии Шӯрои амнияти СММ ҳастанд. Онҳо қодир ба ҳалли вазифаҳои идораи кишвар нестанд. Дар Афғонистон сиёсати таҷовузкоронаи табъиз алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва консерватизми шадиди мазҳабӣ идома - гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки толибон минаи моҳи августи соли 2021 пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба қудрат расиданд.
Ин гуруҳ ҳукумати худро ташкил дод, аммо наздик ба як сол мешавад, ки бинобар иҷро накардани тааҳҳудоти худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта намешавад.