Раҳмон: Толибон наметавонанд Афғонистонро идора кунанд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARБоец Талибана стоит у шлагбаума
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз вазъи феълии Афғонистон гуфт, афроде, ки дар СММ ҳамчун террорист сабт шудаанд, қодир ба идораи ин кишвар нестанд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ҳаводиси Афғонистон на танҳо ба Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад, балки тавозуни геополитикии қудратҳоро дар саросари Авруосиё тағйир медиҳад.
"Вазъият дар ин кишвар тамоюли бадтар шуданро дорад. Тибқи пешгӯиҳои мо, боз ҳам бадтар мешавад", - гуфт Раҳмон.
Ӯ қайд кард, ки роҳбарияти толибон ягон чораҳои воқеӣ барои бовар кунондани ҷаҳон ва аҳолии Афғонистон ба қонунияти ҳукумати худ, тавони назорат кардани вазъият, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди наандешидааст.
Раҳмон таъкид кард, ки толибон бо ҳар роҳу имкон ҷилавгирӣ аз таъсиси ҳукумати фарогир бо ширкати густурдаи тамоми нерӯҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус занону кӯдаконро доранд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Раҳмон аз ҳаводиси ахир дар Осиёи Марказӣ гуфту ҷиддитарин чолишҳоро ном бурд
"18 нафар аз маъмурияти ҷунбиши толибон дар феҳристи террористон ва созмонҳои террористии Шӯрои амнияти СММ ҳастанд. Онҳо қодир ба ҳалли вазифаҳои идораи кишвар нестанд. Дар Афғонистон сиёсати таҷовузкоронаи табъиз алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва консерватизми шадиди мазҳабӣ идома дорад, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран раҳбарияти толибон аз лағви тамоми санадҳои қонунгузории амалкунанда дар кишвар ва азми ҷорӣ кардани қонуни шариат дар тамоми бахшҳои ҷомеаи Афғонистон хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0