https://sputnik.tj/20220614/putin-tasdiq-rusiya-afghoniston-ghalla-irsol-1049192010.html
Путин тасдиқ кард: Русия дар сурати зарурат ба Афғонистон ғалла мефиристад
Путин тасдиқ кард: Русия дар сурати зарурат ба Афғонистон ғалла мефиристад
Sputnik Тоҷикистон
ВУХ-и Русия эълон кард, кишвардори Русия ахиран санадеро тасдиқ намуд, ки дар асоси он ин кишвар дар ҳоли зарурат ба Афғонистон ғалла мефиристад 14.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-14T21:50+0500
2022-06-14T21:50+0500
2022-06-14T21:50+0500
дар русия
сиёсат
афғонистон
ғалла
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/35/1024673518_0:0:3017:1697_1920x0_80_0_0_f67a8efcff85c628056ac977632c8d58.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар сурати зарурат ҷудо кардани миқдори муайяни ғалла ба Афғонистонро ба таври усулӣ тасдиқ кард, гуфт намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов."Комиссияи байниидоравӣ дар паи натоиҷи кори худ дар Афғонистон ба раисиҷумҳур изҳори назар кард. Ва Владимир Владимирович ризоият дод, ки дар ҳолати зарурӣ бо назардошти ҳосили хуби пешбинишуда миқдори муайяни ғалла ҷудо карда шавад. Ҳаҷми чунин кумакҳоро ҳукумати Русия вобаста ба вазъияти мушаххас муайян хоҳад кард”, - гуфт Кобулов дар барномаи "Шабакаи якум".Ба гуфтаи ӯ, вазъи иқтисодӣ дар Афғонистон ҷиддӣ аст ва "мумкин аст тобистони имсол ба далели он ки зимистони гузашта чандон барфборӣ набуд ва дурнамои ҳосил низ ноумедкунанда аст".Қаблан дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфта буд, ки иқтисоди Афғонистон воқеан таназзул кардааст. Тақрибан 10 миллион нафар дар хатари гуруснагӣ қарор доранд. Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои кӯмак ба ин кишвар чораҳои фаврӣ андешанд.Дабири кулли СММ қайд кард, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ пули нақд кам аст ва аҳолӣ барои таъмини оилаҳои худ ба фурӯши кӯдакон ва қисмҳои бадани худ шуруъ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ба далели авзоъ дар Украина қимати маводи ғизоӣ боло рафтааст.Вай афзуд, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон кумак накунад, як миллион кӯдак дар ин кишвар ба марг рӯ ба рӯ мешаванд.Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон Афғонистонро буҳрони ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фаро гирифт.
https://sputnik.tj/20220407/tolibon-rusiya-meravand-1047444063.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/35/1024673518_94:0:2825:2048_1920x0_80_0_0_43a0500dc348c7c52a7ee023fa9ddce4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, сиёсат , афғонистон, ғалла
дар русия, сиёсат , афғонистон, ғалла
Путин тасдиқ кард: Русия дар сурати зарурат ба Афғонистон ғалла мефиристад
ВУХ-и Русия эълон кард, кишвардори Русия ахиран санадеро тасдиқ намуд, ки дар асоси он ин кишвар дар ҳоли зарурат ба Афғонистон ғалла мефиристад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар сурати зарурат ҷудо кардани миқдори муайяни ғалла ба Афғонистонро ба таври усулӣ тасдиқ кард, гуфт намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов.
"Комиссияи байниидоравӣ дар паи натоиҷи кори худ дар Афғонистон ба раисиҷумҳур изҳори назар кард. Ва Владимир Владимирович ризоият дод, ки дар ҳолати зарурӣ бо назардошти ҳосили хуби пешбинишуда миқдори муайяни ғалла ҷудо карда шавад. Ҳаҷми чунин кумакҳоро ҳукумати Русия вобаста ба вазъияти мушаххас муайян хоҳад кард”, - гуфт Кобулов дар барномаи "Шабакаи якум".
Ба гуфтаи ӯ, вазъи иқтисодӣ дар Афғонистон ҷиддӣ аст ва "мумкин аст тобистони имсол ба далели он ки зимистони гузашта чандон барфборӣ набуд ва дурнамои ҳосил низ ноумедкунанда аст".
Қаблан дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфта буд, ки иқтисоди Афғонистон воқеан таназзул кардааст. Тақрибан 10 миллион нафар дар хатари гуруснагӣ қарор доранд. Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои кӯмак ба ин кишвар чораҳои фаврӣ андешанд.
Дабири кулли СММ қайд кард, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ пули нақд кам аст ва аҳолӣ барои таъмини оилаҳои худ ба фурӯши кӯдакон ва қисмҳои бадани худ шуруъ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ба далели авзоъ дар Украина қимати маводи ғизоӣ боло рафтааст.
"Зиёда аз 80% аҳолӣ қарздор ҳастанд, кормандони калидии муассисаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла беморхонаҳо ва мактабҳо чанд моҳ боз маоши худро нагирифтаанд", -гуфта буд Гутерриш.
Вай афзуд, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон кумак накунад, як миллион кӯдак дар ин кишвар ба марг рӯ ба рӯ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон Афғонистонро буҳрони ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фаро гирифт.