https://sputnik.tj/20220725/taghyiroti-kadri-hukumat-mahalli-1050248238.html
Тағйироти кадрӣ дар бахши кишоварзӣ, захоири об, нақлиёт ва ҳукуматҳои маҳаллӣ
Тағйироти кадрӣ дар бахши кишоварзӣ, захоири об, нақлиёт ва ҳукуматҳои маҳаллӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии бархе навоҳӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
2022-07-25T17:35+0500
2022-07-25T17:35+0500
2022-07-25T17:37+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
тағйироти кадрӣ
қарор
ҳукумат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_c934c1972a1823afbe9ab495314ebb71.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, кадрҳои навтаъйин ба мақомҳои роҳбарикунанда дар бахши нақлиёт, захираҳои об, кишоварзӣ ва ҳукматҳои маҳаллиро ба хизмати софдилона даъват кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Шерализода Муҳамадулло Умарро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда, ба ҷояш Шарифхон Сафарзодаро таъйин намуд. Сафарзода Шарифхон Нураҳмад то ҳол дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Инчунин бо қарори ҳукумат Тоҳирзода Қобил Тоҳир муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардидааст. Хоҷазода Абдулаҳад Назариён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" озод гардида, ҷояшро Мирзоализода Баҳром Мирзоалӣ гирифтааст. Ҳамчунин Замонзода Мадамон Амирхон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ озод гардид. Сардори нави Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ Ғафурзода Тағоймурод таъйин шудаст. Сироҷзода Шуҷоат Хайрулло, низ аз вазифаи муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ барканоршуда, ҷояшро Неъматзода Фаррух Неъмат гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220725/prezident-vmkb-taghyirot-kadri-1050245984.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_665d0fd32343aec80cda204a8b41a7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
насиҳат, раҳмон, кадрҳо, навтаъйин, тоҷикистон
насиҳат, раҳмон, кадрҳо, навтаъйин, тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар бахши кишоварзӣ, захоири об, нақлиёт ва ҳукуматҳои маҳаллӣ
17:35 25.07.2022 (Навсозишуда: 17:37 25.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии бархе навоҳӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, кадрҳои навтаъйин ба мақомҳои роҳбарикунанда дар бахши нақлиёт, захираҳои об, кишоварзӣ ва ҳукматҳои маҳаллиро ба хизмати софдилона даъват кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Шерализода Муҳамадулло Умарро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда, ба ҷояш Шарифхон Сафарзодаро таъйин намуд.
Сафарзода Шарифхон Нураҳмад то ҳол дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият дошт.
Инчунин бо қарори ҳукумат Тоҳирзода Қобил Тоҳир муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардидааст.
Хоҷазода Абдулаҳад Назариён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" озод гардида, ҷояшро Мирзоализода Баҳром Мирзоалӣ гирифтааст.
Ҳамчунин Замонзода Мадамон Амирхон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ озод гардид.
Сардори нави Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ Ғафурзода Тағоймурод таъйин шудаст.
Сироҷзода Шуҷоат Хайрулло, низ аз вазифаи муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ барканоршуда, ҷояшро Неъматзода Фаррух Неъмат гирифтааст.