https://sputnik.tj/20220724/qabul-sinfi-1-tojikiston-roygon-1050216841.html
Қабул ба синфи 1 дар Тоҷикистон ройгон аст: Ҳушдори мақомоти маориф аз фасодкорӣ
Қабул ба синфи 1 дар Тоҷикистон ройгон аст: Ҳушдори мақомоти маориф аз фасодкорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Аз волидоне, ки фарзандашон соли равон ба мактаб мераванду дар ин раванд дучори фасодкории масъулин масъулин шудаанд, хоста шуд, ки ба мақомот муроҷиат намоянд
2022-07-24T16:00+0500
2022-07-24T16:00+0500
2022-07-25T18:04+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
хонандагони синфи 1-ум
қабул
ройгон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045771944_0:0:3093:1739_1920x0_80_0_0_350f3049ebcadf107c705626cb6d19e6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Қабули кӯдакон ба синфи якуми гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ тариқи ройгон сурат мегирад, хабар дод Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Хабаргузории "Ховар" аз қавли сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода таъкид намудааст, ки қабули ройгон ба синфи якро Конститутсияи кишвар кафолат додаст. Тавзеҳ дода шудааст, ки дар муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ низ, бе назардошти маблағи шартнома ин раванд ройгон ба роҳ монда мешавад. "Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро ба Сарраёсати маорифи шаҳр расонанд", - афзудаст ӯ.Телефони боварӣ дар чунин ҳолатҳо 2213092 пешниҳод шудааст, ки корафтодагон метавонанд, аз тариқи он ба Сарраёсати маориф муроҷиат намоянд. Бар асоси муқраррарот дар Тоҷикистон, кӯдакони 7-сола ва онҳое, ки то охири моҳи декабр 7-сола мешаванд, ба синфи якум қабул мегарданд. Аз ҷумла кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2015 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд.Масъулини маориф мегӯянд, агар кӯдак 1 январи соли 2016 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
https://sputnik.tj/20220720/tasdiq-naqsha-maktabsozi-tojikiston-1050129723.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045771944_123:0:2854:2048_1920x0_80_0_0_9fe7fad1db4155cf87ba8fc32352ee59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
волидон, қабул, синфи 1, ройгон
волидон, қабул, синфи 1, ройгон
Қабул ба синфи 1 дар Тоҷикистон ройгон аст: Ҳушдори мақомоти маориф аз фасодкорӣ
16:00 24.07.2022 (Навсозишуда: 18:04 25.07.2022) Аз волидоне, ки фарзандашон соли равон ба мактаб мераванду дар ин раванд дучори фасодкории масъулин шудаанд, хоста шуд, то ба мақомот муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Қабули кӯдакон ба синфи якуми гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ тариқи ройгон сурат мегирад, хабар дод Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Хабаргузории "Ховар" аз қавли сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода таъкид намудааст, ки қабули ройгон ба синфи якро Конститутсияи кишвар кафолат додаст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ низ, бе назардошти маблағи шартнома ин раванд ройгон ба роҳ монда мешавад.
"Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро ба Сарраёсати маорифи шаҳр расонанд", - афзудаст ӯ.
Телефони боварӣ дар чунин ҳолатҳо 2213092 пешниҳод шудааст, ки корафтодагон метавонанд, аз тариқи он ба Сарраёсати маориф муроҷиат намоянд.
Бар асоси муқраррарот дар Тоҷикистон, кӯдакони 7-сола ва онҳое, ки то охири моҳи декабр 7-сола мешаванд, ба синфи якум қабул мегарданд. Аз ҷумла кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2015 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд.
Масъулини маориф мегӯянд, агар кӯдак 1 январи соли 2016 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.