https://sputnik.tj/20220724/bozpursi-internet-tojikiston-qonuni-1050211934.html
Бозпурсиҳо аз тариқи интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуданд
Бозпурсиҳо аз тариқи интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ахиран қабулшуда ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҷумҳуриро тавзеҳ дод, ки имконоти муфаттишонро бештар мекунад
2022-07-24T11:01+0500
2022-07-24T11:01+0500
2022-07-25T18:14+0500
дар тоҷикистон
қонун
тағйирот
маҷлиси миллӣ
муфаттиш
бозпурсӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102074/35/1020743510_0:0:2625:1477_1920x0_80_0_0_acbb3380978426d479131c44dac6078d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Муфаттишон дар Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо кардаанд, ки бо истифода аз интернет аз тариқи фосилавӣ бозпурсиҳо баргузор намоянд. Тағйирот дар ин бораро ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ахиран Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул кард. Дилшод Раҳмон, узви Маҷлиси миллӣ дар шарҳи тағйирот гуфт, ба моддаи 197 қисми 2 илова гардида, тибқи он, дар ҳолати берун аз ҷумҳурӣ будани шоҳид ё ҷабрдида пурсиш мумкин аст ба таври фосилавӣ гузаронда шавад. Вай афзуд, ки бозпурсиҳо бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ ба роҳ монда шуда, муфаттиш метавонад пурсиши фосилавиро бо иштироки шахсони холис гузаронад.Тағйироти мазкур дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон соли равон сабти ҷиноят дар кишвар коҳиш ёфтааст. ВУД мегӯяд, дар 6 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 12482 амали ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1396 адад кам мебошад.Ҳамин тариқ, сатҳи ҷинояткорӣ 10% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.Кормандони ин ниҳод 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро низ дастгир намуданд, афзуд ВУД.
https://sputnik.tj/20220719/amaliyot-badakhshon-tolibon-afzoish-jinoyat-tojikiston-1050109348.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102074/35/1020743510_0:0:2625:1969_1920x0_80_0_0_1d537f9bd473f7d2e0f0a31a361ea224.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷозат, бозпурсӣ, тариқ, интернет, тоҷикистон
иҷозат, бозпурсӣ, тариқ, интернет, тоҷикистон
Бозпурсиҳо аз тариқи интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуданд
11:01 24.07.2022 (Навсозишуда: 18:14 25.07.2022) Узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ахиран қабулшуда ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҷумҳуриро тавзеҳ дод, ки имконоти муфаттишонро бештар мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Муфаттишон дар Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо кардаанд, ки бо истифода аз интернет аз тариқи фосилавӣ бозпурсиҳо баргузор намоянд.
Тағйирот дар ин бораро ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ахиран Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул кард.
Дилшод Раҳмон, узви Маҷлиси миллӣ дар шарҳи тағйирот гуфт, ба моддаи 197 қисми 2 илова гардида, тибқи он, дар ҳолати берун аз ҷумҳурӣ будани шоҳид ё ҷабрдида пурсиш мумкин аст ба таври фосилавӣ гузаронда шавад.
Вай афзуд, ки бозпурсиҳо бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ ба роҳ монда шуда, муфаттиш метавонад пурсиши фосилавиро бо иштироки шахсони холис гузаронад.
Тағйироти мазкур дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон соли равон сабти ҷиноят дар кишвар коҳиш ёфтааст.
ВУД мегӯяд, дар 6 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 12482 амали ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1396 адад кам мебошад.
Ҳамин тариқ, сатҳи ҷинояткорӣ 10% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.
Кормандони ин ниҳод 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро низ дастгир намуданд, афзуд ВУД.