https://sputnik.tj/20220723/noma-shodboshi-rahmon-prezident-hinduston-1050203930.html
Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Ҳиндустонро шодбош гуфт
Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Ҳиндустонро шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки раисҷумҳури нави Ҳиндустон саъю талошашро барои рушди равобит дареғ нахоҳад дошт
2022-07-23T11:52+0500
2022-07-23T11:52+0500
2022-07-25T19:42+0500
дар тоҷикистон
ҳиндустон
раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047258060_0:0:2251:1267_1920x0_80_0_0_2436449ff8ce2a0c8c791e202fe5c932.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби Ҳиндустон Драупади Мурму барқия ирсол намудааст.Кишвардори Тоҷикистон дар ин номааш Драупади Мурмуро барои расидан ба ин мансад табрик кардаастБа гуфтаи президенти кишвар, Ҳиндустон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса дорад ва Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он дар ҳама арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн мебошад.Ӯ аз таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ дар соли ҷорӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои мо тӯли ин давра ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки мо бо кӯшишҳои муштарак ҳамёрии кишварҳоямонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баланд хоҳем баровард.Дар поёни номаи табрикотӣ оқои Раҳмон ба хонум Драупади Мурму саломативу комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии бардавом орзу кардааст.Ёдовар мешавем, Драупади Мурму 15-умин президенти Ҳиндустон шуда, рӯзи 21 июл ба ин мансаб расид.Ӯ 64 сол дошта, ҳамакнун тайи панҷ сол дар мансаб олӣ боқӣ хоҳад монд.
https://sputnik.tj/20220317/taloshi-hinduston-bozori-bonkii-tojikiston-1046880421.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047258060_0:0:2179:1634_1920x0_80_0_0_91a950eb9ff76c88757202c67b90c921.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нома шодбошӣ раҳмон президент нав ҳиндустон
нома шодбошӣ раҳмон президент нав ҳиндустон
Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Ҳиндустонро шодбош гуфт
11:52 23.07.2022 (Навсозишуда: 19:42 25.07.2022) Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки раисҷумҳури нави Ҳиндустон саъйю талошашро барои рушди равобит дареғ нахоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби Ҳиндустон Драупади Мурму барқия ирсол намудааст.
Кишвардори Тоҷикистон дар ин номааш Драупади Мурмуро барои расидан ба ин мансад табрик кардааст
Ба гуфтаи президенти кишвар, Ҳиндустон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса дорад ва Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он дар ҳама арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн мебошад.
Ӯ аз таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ дар соли ҷорӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои мо тӯли ин давра ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.
"Изҳори умед менамоям, ки Шумо ба ҳайси Президенти Ҳиндустон саъю талошҳои худро ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дареғ нахоҳед дошт",- афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки мо бо кӯшишҳои муштарак ҳамёрии кишварҳоямонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баланд хоҳем баровард.
Дар поёни номаи табрикотӣ оқои Раҳмон ба хонум Драупади Мурму саломативу комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии бардавом орзу кардааст.
Ёдовар мешавем, Драупади Мурму 15-умин президенти Ҳиндустон шуда, рӯзи 21 июл ба ин мансаб расид.
Ӯ 64 сол дошта, ҳамакнун тайи панҷ сол дар мансаб олӣ боқӣ хоҳад монд.