https://sputnik.tj/20220722/oseb-sughd-sag-gurba-favt-sabt-1050173320.html
Осеби беш аз 1600 сокини Суғд аз сагу гурба: ҳодисаи фавт ҳам сабт шудааст
Осеби беш аз 1600 сокини Суғд аз сагу гурба: ҳодисаи фавт ҳам сабт шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Идораи санитарию эпидемиологии Суғд мегуяд, теъдоди ҳолатҳои осебдидагӣ аз саг ва гурба дар ин минтақа рӯ ба афзоиш дорад
2022-07-22T09:35+0500
2022-07-22T09:35+0500
2022-07-22T12:55+0500
дар тоҷикистон
санитарӣ
суғд
сагу гурба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101698/03/1016980303_0:0:1510:850_1920x0_80_0_0_6f71afaf83eb7cbfe8e465caebfd9e4b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1631 сокини вилояти Суғд аз ҳайвонот аз ҷумла сагу гурбаҳо осеб дидаанд.Дар ин бора таҳмина Усмонова, сардори ин ниҳод зимни нишасти хабарияш ба рӯзноманигорон иттиъ дод.Бино ба иттилоъи ӯ, ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ беш аз 270 ҳолат гуфта мешавад. “Аз ҷумла дар 236 ҳолат осеббардорӣ аз гурбаҳо, 659 ҳолат аз ҳайвоноти хонагӣ, 75 ҳолат аз хояндаҳо ва аз беш аз 650 мавриди дигар аз ҳисоби сагҳои дайду ва дигар намуди ҳайвонот сабт шудааст”, – гуфт, Усмонова. Бар пояи омори идораҳои беҳдоштӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Мастчоҳ, Панҷакент, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон омори осеббардорӣ бештар ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз шумори умумӣ 58% кӯдакони то 14 сола аз сагу гурбаҳо осеб дидаанд. Таҳмина Усмонова изҳор дошт, ки дар пайи ҳамлаи ҳайвонот ду ҳолати гирифторӣ ба бемории ҳорӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабт шудааст. Бино ба хабари масъулин дар ин давра дар ҳудуди вилоят 2233 саги бесоҳиб нобуд карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220516/dushanbe-ronanda-sag-roh-zer-jarima-1048495156.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101698/03/1016980303_100:0:1344:933_1920x0_80_0_0_9bf8e9a729b5db4640f8d6bea06aa815.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осеби сокин суғд саг гурба
осеби сокин суғд саг гурба
Осеби беш аз 1600 сокини Суғд аз сагу гурба: ҳодисаи фавт ҳам сабт шудааст
09:35 22.07.2022 (Навсозишуда: 12:55 22.07.2022) Идораи санитарию эпидемиологии Суғд мегӯяд, ҳолатҳои осебдидагии сокинон аз саг ва гурба дар ин минтақа дар ҳоли афзоиш аст
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1631 сокини вилояти Суғд аз ҳайвонот аз ҷумла сагу гурбаҳо осеб дидаанд.
Дар ин бора таҳмина Усмонова, сардори ин ниҳод зимни нишасти хабарияш ба рӯзноманигорон иттиъ дод.
Бино ба иттилоъи ӯ, ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ беш аз 270 ҳолат гуфта мешавад.
“Аз ҷумла дар 236 ҳолат осеббардорӣ аз гурбаҳо, 659 ҳолат аз ҳайвоноти хонагӣ, 75 ҳолат аз хояндаҳо ва аз беш аз 650 мавриди дигар аз ҳисоби сагҳои дайду ва дигар намуди ҳайвонот сабт шудааст”, – гуфт, Усмонова.
Бар пояи омори идораҳои беҳдоштӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Мастчоҳ, Панҷакент, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон омори осеббардорӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра аз шумори умумӣ 58% кӯдакони то 14 сола аз сагу гурбаҳо осеб дидаанд.
Таҳмина Усмонова изҳор дошт, ки дар пайи ҳамлаи ҳайвонот ду ҳолати гирифторӣ ба бемории ҳорӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабт шудааст.
Бино ба хабари масъулин дар ин давра дар ҳудуди вилоят 2233 саги бесоҳиб нобуд карда шудааст.