Дар Душанбе ронандае, ки сагро пахш кард, пайдо ва ҷаримабандӣ шуд

CC0 / Pxhere / Бездомная собака, архивное фото
Бездомная собака, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Лаҳзаи зер кардани саги дар роҳхобида ба дурбини дастгоҳи сабт афтод ва пас аз паҳн шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсҳои зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Душанбе ахиран ронандае, ки дар роҳ саги хобидаро зер карду ба роҳаш идома дод, муайян ва дастгир карда шуд.
Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, пас аз роҳ ёфтани видео аз лаҳзаи пахш шудани саг дар роҳ, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ниҳоди мазкур дархост карданд, ки нисбати ронандаи "бераҳм" чораҳои таъсиррасонӣ қонунӣ андешида шавад.
Зимнан кормандони милиса муайян намуданд, ки ронанда сокини 37-солаи шаҳри Душанбе мебошад.
Бо шамъ ва обу испанд давобахшӣ мекард: боздошти ҷодугари 66 -сола дар Душанбе
Ӯ иқрор шуд, ки бо автомашинаи "Мерседес Бенс" бинобар баланд будани суръати мошин ва аз саросемагӣ ҷонвареро пахш намудааст.
Манбаъ меафзояд, бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Набиев Тӯймурод, тибқи талаботи қисми якуми моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протокол тартиб дода шуда, ӯ ҷарима шудааст.
Лентаи хабарҳо
0