Ҷаҳиши нархи пиёзу пешгӯии раиси "Тоҷикматлубот"

© Пресс-служба президента ТаджикистанаУрожай лука в Раштском районе
Урожай лука в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Раёсати "Тоҷикматлубот" эълон дошт, нархи пиёз, ки ҳоло як килои он қариб 8 сомониро ташкил медиҳад, кай майли арзонӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Поинравии нархи пиёз дар Тоҷикистон эҳтимол наздиктар ба зимистони соли ҷорӣ сурат гирад, пешгӯӣ кард раёсати ҷамъияти "Тоҷикматлубот".
Ба гуфтаи Ҳусайн Идиев, раиси ҷамъият, чунин пешгӯӣ дар асоси натоиҷи таҳқиқоти бозор ва арзёбии талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулоти кишоварзӣ ва суръати истеҳсоли он ироа гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, истеъмолкунандагон феълан барои як кило пиёз ҳудуди 6-8 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар мавриди нархи он дар оянда Идиев изҳор дошт, ки он поин меравад, аммо чанд мешавад, баён накард.
"Ҳоло гуфта наметавонам, ки мо дар моҳи сентябр бо кадом нархҳо картошка ва пиёз мехарем, аммо мутмаинам, ки нархҳо поин хоҳанд шуд", - гуфт Идиев.
Ба гуфтаи мудири "Тоҷикматлубот" дар саросари кишвар 47 анбор ва 3 макони муҷаҳҳаз бо яхдон барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дорад. Дар он асосан 2 намуди махсулоти хоҷагии қишлоқ — картошкаю пиёз, ҳар кадомаш 700—800 тоннагӣ захира карда мешавад.
"Мо аз моҳи сентябр захира мекунем ва зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзиро дар анбору яхдон нигоҳ дорем", - гуфт раиси "Тоҷикматлубот".
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Нафақа дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 1 сомониву 17 дирам афзоиш доштааст
Вай ҳамчунин эътироф кард, ки бо ҳаҷми зикршудаи нигаҳдории сабзавот бо бозор рақобат кардан ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, таъсир расонидан ба нарх низ мушкил хоҳад буд.
Идиев иллати болоравии нархи пиёзро ба афзоиши ҳаҷми содироти ин зироати кишоварзӣ рабт дод.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамин давраи соли гузашта пиёз дар бозорҳо на бештар аз 3 сомонӣ барои як кило арзиш дошт.
Лентаи хабарҳо
0