https://sputnik.tj/20220722/nafaqa-tojikiston-somoni-afzoish-1050181061.html
Нафақа дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 1 сомониву 17 дирам афзоиш доштааст
Нафақа дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 1 сомониву 17 дирам афзоиш доштааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми миёнаи нафақа дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин дараи соли гузашта 1 сомониву 17 дирам афзоиш додааст
2022-07-22T14:00+0500
2022-07-22T14:00+0500
2022-07-22T17:59+0500
дар тоҷикистон
нафақа
ҳаққи бознишастагӣ
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_7f4708f71a8fa010360fd3f963569e6f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Дилмурод Давлатзода, мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳадди миёнгини бознишастагӣ 320,09 сомониро ташкил медиад.Ба гуфтаи вай, шумори нафагирон дар соли равон 2,2 дарсад афзоиш ёфта ба ҳолати 1 июли соли 2022 761 ҳазору 312 нафарро ташкил додааст.Тибқи иттилои Дилмурод Давлатзода ҳадди миёнгини бознишастагӣ дар Душанбе 429,145 сомонӣ, ВМКБ 406,93 сомонӣ, Хатлон 303,21 сомонӣ, Суғд 303,21 сомонӣ ва НТМ 299,57 сомониро ташкил медиҳад.Ёдрас мешавем, тибқи иттилои агентии омор ҳаҷми умумии пардохти нафақаву кӯмакпулӣ дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 миллиарду 55,7 миллион сомониро ташкил додааст.Маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-май соли равон 1 миллиарду 78,6 миллион сомониро ташкил дод.Бар асоси буҷети давлатии ҷумҳурӣ, ин маблағ аз 3,5 миллиард сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 31 миллион сомонии кумак аз хазинаи ҷумҳурӣ иборат аст.Бояд гуфт, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолатҳое ҷудо карда мешаванд, ки даромад аз суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа эҳтиёҷоти воқеии пардохтҳоро қонеъ карда натавонад.Даромади хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳо, хароҷоти пардохт ба шаҳрвандони куҳансол ва ёрдампулӣ дар як қатор шаҳру навоҳӣ ҷудо карда мешавад.Қаблан маълум шуд, ки аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллиард сомонии сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ истифода шудааст.Як моҳ пеш ин рақам ҳудуди 1 миллиарду 870 миллион сомониро ташкил медод.
https://sputnik.tj/20220709/sozishnoma-nafaqa-tojikiston-1049877627.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_cae889ad6e04ac22549f9e495f38a23e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нафақа, афзоиш, сомонӣ, нафақагирон
тоҷикистон, нафақа, афзоиш, сомонӣ, нафақагирон
Нафақа дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 1 сомониву 17 дирам афзоиш доштааст
14:00 22.07.2022 (Навсозишуда: 17:59 22.07.2022) Ҳадди миёнгини ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 сомониву 17 дирам афзоиш доштааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Дилмурод Давлатзода, мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳадди миёнгини бознишастагӣ 320,09 сомониро ташкил медиад.
Ба гуфтаи вай, шумори нафагирон дар соли равон 2,2 дарсад афзоиш ёфта ба ҳолати 1 июли соли 2022 761 ҳазору 312 нафарро ташкил додааст.
Тибқи иттилои Дилмурод Давлатзода ҳадди миёнгини бознишастагӣ дар Душанбе 429,145 сомонӣ, ВМКБ 406,93 сомонӣ, Хатлон 303,21 сомонӣ, Суғд 303,21 сомонӣ ва НТМ 299,57 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавем, тибқи иттилои агентии омор ҳаҷми умумии пардохти нафақаву кӯмакпулӣ дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 миллиарду 55,7 миллион сомониро ташкил додааст.
Маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-май соли равон 1 миллиарду 78,6 миллион сомониро ташкил дод.
Бар асоси буҷети давлатии ҷумҳурӣ, ин маблағ аз 3,5 миллиард сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 31 миллион сомонии кумак аз хазинаи ҷумҳурӣ иборат аст.
Бояд гуфт, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолатҳое ҷудо карда мешаванд, ки даромад аз суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа эҳтиёҷоти воқеии пардохтҳоро қонеъ карда натавонад.
Даромади хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳо, хароҷоти пардохт ба шаҳрвандони куҳансол ва ёрдампулӣ дар як қатор шаҳру навоҳӣ ҷудо карда мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллиард сомонии сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ истифода шудааст.
Як моҳ пеш ин рақам ҳудуди 1 миллиарду 870 миллион сомониро ташкил медод.