https://sputnik.tj/20220722/hamoish-toshkand-tahkimi-hamkori-shsh-1050193791.html
Ҳамоиш дар Тошканд барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ
Ҳамоиш дар Тошканд барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони бахши хусусӣ ва давлатӣ аз навоҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон роҳҳои таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард
2022-07-22T18:40+0500
2022-07-22T18:40+0500
2022-07-22T18:40+0500
осиё
сиёсат
ҳамкорӣ
созмони ҳамкории шанхай
эрон
тошканд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_1f0b9d11c4d11f30351bdf3ffe7970ce.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тошканд форуми раҳбарони вилоёти кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад, хабар дод иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон. Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш рӯзҳои 3-4 август дар назар буда, интизор меравад, ки дар он сарони ниҳодҳои давлатӣ, минтақаҳо ва тоҷирони кишварҳои узви ин созмон ширкат кунанд. Дар ҳамоиш ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба нақша гирифта шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки Ӯзбекистон феълан раёсати СҲШ-ро бар ӯҳда дорад ва азм дорад, ҳамкориҳо дар ин бахшро таҳким мебахшад. Дар назар фарогирии созмон васеъ карда шавад. Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардад. Мулоқоти роҳбарони кишварҳои узви СҲШ, нозирон ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд дар назар аст. СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
https://sputnik.tj/20220719/rusiya-eron-omoda-ittihod-1050103241.html
осиё
эрон
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_83:0:804:541_1920x0_80_0_0_79a2c298a339cfe634e6f6bec9372719.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳким, ҳамкорӣ, сҳш, тошканд
таҳким, ҳамкорӣ, сҳш, тошканд
Ҳамоиш дар Тошканд барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ
Намояндагони бахши хусусӣ ва давлатӣ аз навоҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон роҳҳои таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тошканд форуми раҳбарони вилоёти кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад, хабар дод иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш рӯзҳои 3-4 август дар назар буда, интизор меравад, ки дар он сарони ниҳодҳои давлатӣ, минтақаҳо ва тоҷирони кишварҳои узви ин созмон ширкат кунанд. Дар ҳамоиш ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ӯзбекистон феълан раёсати СҲШ-ро бар ӯҳда дорад ва азм дорад, ҳамкориҳо дар ин бахшро таҳким мебахшад. Дар назар фарогирии созмон васеъ карда шавад.
Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардад.
Мулоқоти роҳбарони кишварҳои узви СҲШ, нозирон ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд дар назар аст.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.