https://sputnik.tj/20220722/bonki-milli-mushkili-pulgiri-bankomat-1050198325.html
"Ҳама якбора": Бонки миллӣ мушкили пулгирӣ аз банкоматҳоро шарҳ дод
"Ҳама якбора": Бонки миллӣ мушкили пулгирӣ аз банкоматҳоро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Бонки миллӣ дар Суғд аз маърифати молиявии сокинон шикоят кард, ки фавран мехоҳанд пули воридшуда ба корташонро берун оранд
2022-07-22T20:40+0500
2022-07-22T20:40+0500
2022-07-22T20:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пул
амонатбонк
нафақа
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/76/1030337611_1:0:3642:2048_1920x0_80_0_0_b4b5e7507c065684d9e3d76a99ad3235.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Сабаби корношояму бепул мондани банкоматҳо дар Суғдро масъулини Бонки миллӣ дар минтақа ба якбора, дар як вақт зиёд шудани талабот гуфтанд. Зебо Сираева, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд мушкили пулгирии сокинонро ба афзоиши якбораи талабот рабт дод. Ӯ гуфт, дар як вақт рафтани бахши аъзами аҳолӣ барои гирифтани маоши худ ба назди банкоматҳо ба раванди мунтазами кори онҳо таъсир мерасонад. "Оғозу анҷоми ҳар моҳ, вақти пардохти маош ба назди банкоматҳо мераванд, гузашта аз ин дар ҳамин вақт муҳоҷирон ҳам маош гирифта, ба пайвандони худ мефиристанд. Ин ҳама ҳолатҳо шиддати кори банкоматҳоро зиёд мекунад", - изҳор дошт Сираева.Ӯ гуфт, дар чунин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ ҳам дар таъминот бо пул дучори мушкил мешаванду дар ҳолати пуркорӣ интернети банкоматҳо ҳам суст кор мекунад. Масъулони Бонки миллӣ гуфтанд, ки ташкилоти қарзӣ вазифадоранд, ки дар минтақаи фаъолияти худ банкомат насб кунанд. Дар зимн намояндагони “Амонатбонк” изҳор доштанд, ки арзиши як банкомат ба 25 ҳазор доллари амрикоӣ баробар буда, гаронӣ аз омилҳои аслии камчинияш дар Суғд мебошад. Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд дар умум барои хидматрасонии кортҳои пардохтӣ 10, 4 ҳазор таҷҳизоти электронӣ, аз ҷумла 467 адад банкомат, 573 терминали пешниҳоди пули нақд дар хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, 1300 терминали худкору худхидматрасон ва 8100 адад таҷҳизоти пардохтӣ дар муассисаҳои савдо ва хидматрасонӣ насб карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20220722/amontabonk-shirkat-voridkunanda-mahsulot-uzbeiktson-qarz-1050192784.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/76/1030337611_911:0:3642:2048_1920x0_80_0_0_d511fcf368d89dec255fc8376eda40c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки миллӣ, пулгирӣ, банкомат
бонки миллӣ, пулгирӣ, банкомат
"Ҳама якбора": Бонки миллӣ мушкили пулгирӣ аз банкоматҳоро шарҳ дод
Роҳбарияти Бонки миллӣ дар Суғд аз маърифати молиявии сокинон шикоят кард, ки фавран мехоҳанд пули воридшуда ба корташонро бигиранд
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Сабаби корношояму бепул мондани банкоматҳо дар Суғдро масъулини Бонки миллӣ дар минтақа ба якбора, дар як вақт зиёд шудани талабот гуфтанд.
Зебо Сираева, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд мушкили пулгирии сокинонро ба афзоиши якбораи талабот рабт дод.
Ӯ гуфт, дар як вақт рафтани бахши аъзами аҳолӣ барои гирифтани маоши худ ба назди банкоматҳо ба раванди мунтазами кори онҳо таъсир мерасонад.
"Оғозу анҷоми ҳар моҳ, вақти пардохти маош ба назди банкоматҳо мераванд, гузашта аз ин дар ҳамин вақт муҳоҷирон ҳам маош гирифта, ба пайвандони худ мефиристанд. Ин ҳама ҳолатҳо шиддати кори банкоматҳоро зиёд мекунад", - изҳор дошт Сираева.
Ӯ гуфт, дар чунин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ ҳам дар таъминот бо пул дучори мушкил мешаванду дар ҳолати пуркорӣ интернети банкоматҳо ҳам суст кор мекунад.
Масъулони Бонки миллӣ гуфтанд, ки ташкилоти қарзӣ вазифадоранд, ки дар минтақаи фаъолияти худ банкомат насб кунанд.
Дар зимн намояндагони “Амонатбонк” изҳор доштанд, ки арзиши як банкомат ба 25 ҳазор доллари амрикоӣ баробар буда, гаронӣ аз омилҳои аслии камчинияш дар Суғд мебошад.
Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд дар умум барои хидматрасонии кортҳои пардохтӣ 10, 4 ҳазор таҷҳизоти электронӣ, аз ҷумла 467 адад банкомат, 573 терминали пешниҳоди пули нақд дар хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, 1300 терминали худкору худхидматрасон ва 8100 адад таҷҳизоти пардохтӣ дар муассисаҳои савдо ва хидматрасонӣ насб карда шудаанд.