https://sputnik.tj/20220722/amontabonk-shirkat-voridkunanda-mahsulot-uzbeiktson-qarz-1050192784.html
“Амонтабонк” ба 33 ширкати воридкунандаи маҳсулоти Ӯзбекистон қарз додааст
“Амонтабонк” ба 33 ширкати воридкунандаи маҳсулоти Ӯзбекистон қарз додааст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси “Амонатбонк” хабар додааст, ки Бонк ба 33 ширкат тоҷикистонӣ, ки ба ворид кардани маҳсулот аз Ӯзбекистон машғул ҳастанд, қарз додааст.
2022-07-22T18:10+0500
2022-07-22T18:10+0500
2022-07-22T18:54+0500
дар тоҷикистон
амонатбонк
қарздиҳӣ
қарзҳо
ӯзбекистон
соҳибкор
ширкат
воридот
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041056818_0:37:1280:757_1920x0_80_0_0_ed343219a0d2fb3ec0b11158e9acd568.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк”, дар нишасти матбуотӣ гуфт, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ба 33 ширкати тоҷикистонӣ ба маблағи умумии 12,8 миллион доллар хатти қарздиҳӣ боз кардааст.Вай гуфт, ки ин қарзҳо танҳо барои воридоти коло ва маҳсулот аз Ӯзбекистон дода мешавад.Ба гуфтаи Икромӣ, меъёри ин қарзҳои имтиёзнок тибқи созишномаи маблағгузории тиҷорат, ки тобистони соли 2018 ба имзо расида буд, 4,5 дарсад (барои 1 сол) ва 5,5 дарсади (барои 3 сол) солона аст.Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯби тавофуқи ҳосилшуда бо бонки Ӯзбекистон қарор аст, ба воридкунандагони тоҷик ба маблағи беш аз 33 миллион доллар қарзи тиҷоратӣ ироа шавад.Тибқи шартҳои созишнома, Амонатбонк дар ин раванд ба ҳайси кафил мебошад, яъне ба ширкатҳои тоҷикӣ замонат медиҳад, ки бо он онҳо метавонанд дар Ӯзбекистон коло бихаранд.Ҳамин тавр, воридкунандагон- соҳибкорони тоҷик қарзро (бо сомонӣ) ба Амонатбонк мепардозанд, ки дар навбати худ маблағро ба асъори хориҷӣ табдил дода, ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.Қарзҳои Ӯзбекистон ба мӯҳлати аз як то се сол дода мешаванд: агар воридкунанда молҳои мавриди ниёзи мардумро ворид намояд - то 1 сол ва агар таҷҳизот бошад - то 3 сол.Аккредитивҳо барои ҳар як шартномаи инфиродӣ метавонанд то як миллион кушода шаванд
https://sputnik.tj/20220722/amonatbonk-sharikon-rusiya-rubl-1050178392.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041056818_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1c3406daa1e6bb6f21237b1eb662ff28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, қарз, воридкунанда, бонк, маҳсулот, бонкдорӣ, амонатбонк
тоҷикистон, ӯзбекистон, қарз, воридкунанда, бонк, маҳсулот, бонкдорӣ, амонатбонк
“Амонтабонк” ба 33 ширкати воридкунандаи маҳсулоти Ӯзбекистон қарз додааст
18:10 22.07.2022 (Навсозишуда: 18:54 22.07.2022) Раиси “Амонатбонк” хабар додааст, ин бонк ба 33 ширкат тоҷикистонӣ, ки ба ворид кардани маҳсулот аз Ӯзбекистон машғул ҳастанд, қарз додааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк”, дар нишасти матбуотӣ гуфт, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ба 33 ширкати тоҷикистонӣ ба маблағи умумии 12,8 миллион доллар хатти қарздиҳӣ боз кардааст.
Вай гуфт, ки ин қарзҳо танҳо барои воридоти коло ва маҳсулот аз Ӯзбекистон дода мешавад.
Ба гуфтаи Икромӣ, меъёри ин қарзҳои имтиёзнок тибқи созишномаи маблағгузории тиҷорат, ки тобистони соли 2018 ба имзо расида буд, 4,5 дарсад (барои 1 сол) ва 5,5 дарсади (барои 3 сол) солона аст.
Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯби тавофуқи ҳосилшуда бо бонки Ӯзбекистон қарор аст, ба воридкунандагони тоҷик ба маблағи беш аз 33 миллион доллар қарзи тиҷоратӣ ироа шавад.
Тибқи шартҳои созишнома, Амонатбонк дар ин раванд ба ҳайси кафил мебошад, яъне ба ширкатҳои тоҷикӣ замонат медиҳад, ки бо он онҳо метавонанд дар Ӯзбекистон коло бихаранд.
Ҳамин тавр, воридкунандагон- соҳибкорони тоҷик қарзро (бо сомонӣ) ба Амонатбонк мепардозанд, ки дар навбати худ маблағро ба асъори хориҷӣ табдил дода, ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.
Қарзҳои Ӯзбекистон ба мӯҳлати аз як то се сол дода мешаванд: агар воридкунанда молҳои мавриди ниёзи мардумро ворид намояд - то 1 сол ва агар таҷҳизот бошад - то 3 сол.
Аккредитивҳо барои ҳар як шартномаи инфиродӣ метавонанд то як миллион кушода шаванд