https://sputnik.tj/20220722/amonatbonk-guft-beshtar-ba-kiho-qarz-dodaast-1050175941.html
"Амонатбонк" қарзҳои машҳур миёни аҳолиро ном бурд
"Амонатбонк" қарзҳои машҳур миёни аҳолиро ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Ба сегонаи беҳтарин қарзҳои бонкӣ дар соли 2022 тиҷорат, кишоварзӣ ва бахши истеъмолӣ дохил шудаанд, ки бештари маблағҳо ба ин самтҳо равона шудаанд
2022-07-22T11:35+0500
2022-07-22T11:35+0500
2022-07-22T12:54+0500
дар тоҷикистон
амонатбонк
иқтисод
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048048288_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_e280b4b5b03b0749ec50609831974892.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” аз авоили соли 2022 маҳбубтарин маҳсулоти қарзиро миёни мардум номбар кардааст. Ба иттилои бонк, дар соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ва хориҷӣ 885,8 миллион сомонӣ (86,9 миллион доллар) маблағҳои қарзӣ дода шудааст. Онҳоро 28 ҳазор нафар мизоҷон гирифтаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 33,8% бештар аст.Дар байни соҳаҳои маъмултарин, ки қарзҳои бонкӣ равона карда шудаанд, тиҷорат будааст. Зиёда аз 40% тамоми қарзҳо ба ин самт равона шудааст. Дар ҷои дуюм кишоварзӣ аст, ки 21,5% ба он равона шудааст. Ҷойи сеюм ба қарзҳои истеъмолӣ тааллуқ дорад, ки 19,8 фоизро ташкил дод. Қарзҳои боқимонда ба соҳаҳои зерин равона карда мешаванд:саноат — 14,7 %,сохтмон - 1,8%, нақлиёт - 0,4%,дигар хизматрасониҳо (туризм, нигахдории тандурустӣ, хӯроки умумӣ) — 1,7 %,.Дар мавриди сандуқи қарзии Амонатбонк бошад, он беш аз 1,6 миллиард сомонӣ (беш аз 157 миллион доллар) ва теъдоди қарзгирандагон дар тавозуни он беш аз 58 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, дар давоми сол ҳаҷми сандуқи қарзӣ 38 фоиз ва шумораи қарзгирандагон 23 фоиз афзудааст.Дар нишасти хабарии ҳисоботии бонк зикр гардид, ки бо назардошти талаботи зиёди муштариён, илова бар ин, то 15 июни соли 2022 ба кишоварзон барои эҳтиёҷоти маъракаи кишту ҷамъоварии ҳосил қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.
https://sputnik.tj/20220722/sharh-bonkdor-sarusado-dollar-tavsiya-sokinon-1050175027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048048288_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_baded522303b1ef5a7b27924513a5092.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
“амонатбонк” киҳо қарз
"Амонатбонк" қарзҳои машҳур миёни аҳолиро ном бурд
11:35 22.07.2022 (Навсозишуда: 12:54 22.07.2022) Ба сегонаи беҳтарин қарзҳои бонкӣ дар соли 2022 тиҷорат, кишоварзӣ ва бахши истеъмолӣ дохил шудаанд, ки бештари маблағҳо ба ин самтҳо равона шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” аз авоили соли 2022 маҳбубтарин маҳсулоти қарзиро миёни мардум номбар кардааст.
Ба иттилои бонк, дар соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ва хориҷӣ 885,8 миллион сомонӣ (86,9 миллион доллар) маблағҳои қарзӣ дода шудааст.
Онҳоро 28 ҳазор нафар мизоҷон гирифтаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 33,8% бештар аст.
Дар байни соҳаҳои маъмултарин, ки қарзҳои бонкӣ равона карда шудаанд, тиҷорат будааст. Зиёда аз 40% тамоми қарзҳо ба ин самт равона шудааст.
Дар ҷои дуюм кишоварзӣ аст, ки 21,5% ба он равона шудааст. Ҷойи сеюм ба қарзҳои истеъмолӣ тааллуқ дорад, ки 19,8 фоизро ташкил дод.
Қарзҳои боқимонда ба соҳаҳои зерин равона карда мешаванд:
дигар хизматрасониҳо (туризм, нигахдории тандурустӣ, хӯроки умумӣ) — 1,7 %,.
Дар мавриди сандуқи қарзии Амонатбонк бошад, он беш аз 1,6 миллиард сомонӣ (беш аз 157 миллион доллар) ва теъдоди қарзгирандагон дар тавозуни он беш аз 58 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, дар давоми сол ҳаҷми сандуқи қарзӣ 38 фоиз ва шумораи қарзгирандагон 23 фоиз афзудааст.
Дар нишасти хабарии ҳисоботии бонк зикр гардид, ки бо назардошти талаботи зиёди муштариён, илова бар ин, то 15 июни соли 2022 ба кишоварзон барои эҳтиёҷоти маъракаи кишту ҷамъоварии ҳосил қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.