https://sputnik.tj/20220721/rahmon-shavkat-mirziyoev-muloqot-1050158762.html
Эмомалӣ Раҳмон дар Қирғизистон бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кард
Эмомалӣ Раҳмон дар Қирғизистон бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони ду давлат ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
2022-07-21T16:53+0500
2022-07-21T16:53+0500
2022-07-21T17:37+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
ом
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050162276_0:19:3071:1746_1920x0_80_0_0_eea3e503655824ca0d33154eb7299bf2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи машварати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.Гуфта мешавад, сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли 2022 сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.Дар ин дидор ҳамчунин ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
https://sputnik.tj/20220720/barq-shumo-pul-mo-yovon-tojikiston-uzbekiston-1050138005.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050162276_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_34eb3ba993e6d36074b065c8e55111e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон қирғизистон шавкат мирзиёев мулоқот
эмомалӣ раҳмон қирғизистон шавкат мирзиёев мулоқот
Эмомалӣ Раҳмон дар Қирғизистон бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кард
16:53 21.07.2022 (Навсозишуда: 17:37 21.07.2022) Роҳбарони ду давлат ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар умури тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи машварати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
"Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли 2022 сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.
Дар ин дидор ҳамчунин ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.