https://sputnik.tj/20220721/rahmon-jiddtarin-cholish-baroi-kishvarhoi-osiyoi-markazi-radikalizmi-dini-ast-1050146025.html
Раҳмон аз ҳаводиси ахир дар Осиёи Марказӣ гуфту ҷиддитарин чолишҳоро ном бурд
Раҳмон аз ҳаводиси ахир дар Осиёи Марказӣ гуфту ҷиддитарин чолишҳоро ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, радикалҳо ва ифротгароёни мазҳабӣ "силоҳи асосии дасти душманони мо ҳастанд" ва бо пуштибонии беруна метавонанд фаъол шаванд
2022-07-21T12:02+0500
2022-07-21T12:02+0500
2022-07-21T13:51+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042304837_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_720d677dd56e9967c59569c40da5c224.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷиддитарин чолиш барои кишварҳои Осиёи Марказӣ тарғиби идеологияҳои ниҳоят хароби радикализми динӣ мебошад, гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Чолпон-Ота ҷараён дорад, изҳор дошт.Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳаводиси ахир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки нерӯҳои мухталиф талошҳои худро барои ноором кардани суботи минтақа идома медиҳанд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон нерӯҳои муайян тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, ки шаҳрвандони моро ба тазоҳуроти эътирозӣ ҷалб кунанд. Ман борҳо дар бораи "ҳуҷайраҳои хуфта"-и терроризми байналмилалӣ гуфта будам, онҳо метавонанд дар ҳар лаҳза, аз ҷумла бо дастгирии фаъоли беруна зоҳир шаванд", - гуфт Раҳмон.Мавсуф гуфт, радикалҳои динӣ метавонанд ҳар гуна нерӯи эътирозии ҷомеаи моро ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд, онҳо ва ифротгароён аслиҳаи асосии дасти душманони мо мебошанд. Рушди минбаъдаи ин раванд метавонад хатари воқеии ноором шудани вазъи дохилиро ба вуҷуд орадБа кишварҳои минтақа лозим аст, ки ҳамеша вазъро зери назорат гирифта, фаъолона амал намуда, сабабҳои эҳтимолии бесуботро пешгирӣ кунанд, қайд кард ӯ. Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тавассути хадамоти марбута барои мубориза бо густариши ақидаҳои тундгаро дар минтақа механизмҳои вижа эҷод шавад.
https://sputnik.tj/20220703/lukashenko-nabard-tajdid-jahon-om-1049697159.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042304837_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_6fb78008700ae57257719be0963628f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон осиёи марказӣ чолиш
раҳмон осиёи марказӣ чолиш
Раҳмон аз ҳаводиси ахир дар Осиёи Марказӣ гуфту ҷиддитарин чолишҳоро ном бурд
12:02 21.07.2022 (Навсозишуда: 13:51 21.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, радикалҳо ва ифротгароёни мазҳабӣ "силоҳи асосии дасти душманони мо ҳастанд" ва бо пуштибонии беруна метавонанд фаъол шаванд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷиддитарин чолиш барои кишварҳои Осиёи Марказӣ тарғиби идеологияҳои ниҳоят хароби радикализми динӣ мебошад, гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Чолпон-Ота ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Осиёи Марказӣ барои тамоми марказҳои қудрати ҷаҳонӣ як минтақаи муҳим боқӣ монда, давраи душвори рушдро паси сар мекунад. Вазъият дар ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, рақобат ва бархӯрд миёни бозигарони ҷаҳонӣ шиддат мегирад. Тартиби ҷаҳонӣ тағйир меёбад", - гуфт Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳаводиси ахир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки нерӯҳои мухталиф талошҳои худро барои ноором кардани суботи минтақа идома медиҳанд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон нерӯҳои муайян тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, ки шаҳрвандони моро ба тазоҳуроти эътирозӣ ҷалб кунанд.
Ман борҳо дар бораи "ҳуҷайраҳои хуфта"-и терроризми байналмилалӣ гуфта будам, онҳо метавонанд дар ҳар лаҳза, аз ҷумла бо дастгирии фаъоли беруна зоҳир шаванд", - гуфт Раҳмон.
Мавсуф гуфт, радикалҳои динӣ метавонанд ҳар гуна нерӯи эътирозии ҷомеаи моро ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд, онҳо ва ифротгароён аслиҳаи асосии дасти душманони мо мебошанд. Рушди минбаъдаи ин раванд метавонад хатари воқеии ноором шудани вазъи дохилиро ба вуҷуд орад
Ба кишварҳои минтақа лозим аст, ки ҳамеша вазъро зери назорат гирифта, фаъолона амал намуда, сабабҳои эҳтимолии бесуботро пешгирӣ кунанд, қайд кард ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тавассути хадамоти марбута барои мубориза бо густариши ақидаҳои тундгаро дар минтақа механизмҳои вижа эҷод шавад.