Таъйиноти кадрӣ дар Хатлон: ҷойгузини Аловуддин Абдуллоев кист?

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Роҳбарияти вилояти Хатлон ва Вазорати фарҳанги кишвар мувофиқа намудаанд, каси дигареро ба ҷои Аловиддин Абдуллоев, мудири бахши фарҳанги вилоят таъйин кунанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Рамазон Насриддинзода ба вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъйин гардид, хабар дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, таъйиноти Насриддинзода бо қарори Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифт.
Манбаъ зикр намуд, ки Рамазон Насриддинзода то ҳол мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд.
Таъкид шудааст, ки сардори навтаъйини Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон 40 сол дошта, дар гузашта дар мақомҳои мудири бахши ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, муҳаррири варзидаи "Телевизиони Кӯлоб", мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст.
Гиссарская крепость, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба ИСЕСКО ворид шуд
Насриддинзода дар мақоми сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ҳунарпешаи марҳум, Аловуддин Абдуллоевро иваз кард.
Маврид ба зикр аст, ки Абдуллоев, ҳаҷвнигори маъруф, коргардони театр ва синамо моҳи феврали соли равон бар асари сактаи қалбӣ дар синни 56-солагӣ даргузашт.
Аловуддин Абдуллоев моҳи январи соли 2019 сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин шуда, то рӯзи фавташ дар ин мақом кор кард. Қабл аз ин ӯ солҳои зиёд раҳбарии театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтарро бар уҳда дошт.
Лентаи хабарҳо
0