https://sputnik.tj/20220707/nuzdah-yodgori-tarikh-farhang-tojikiston-isesko-vorid-1049832572.html
Нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба ИСЕСКО ворид шуд
Нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба ИСЕСКО ворид шуд
Sputnik Тоҷикистон
Аз нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон дутои онҳо ба феҳрасти асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом ворид гардиданд 07.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-07T19:10+0500
2022-07-07T19:10+0500
2022-07-07T21:41+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
юнеско
ёдгориҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/41/1029084199_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_fdd5a2019cd844349e7ad2892563f203.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳрасти мероси фарҳангии моддии ИСЕСКО ворид гардиданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, афзудааст, ки парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби коршиносони Вазорати фарҳанг, Мирзошариф Абдусаломов ва Наботов Муҳаммад таҳия гардидааст.Манбаъ дақиқан зикр накард, ки кадом ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба мероси ИСЕСКО ворид шуданд.Қайд гардид, ки ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10 -уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4 то 7 июли соли равон дар Шоҳигарии Мароко баргузор гардид, тасдиқ шудаанд.Манбаъ меафзояд, ташаббускори ворид шудани 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст."Парвандаҳои номтнатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид", - омадааст дар хабарнома.Бояд гуфт, аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.
https://sputnik.tj/20220424/tojikiston-uzvi-iccrom-shud-1047912932.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/41/1029084199_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_17a95ad20977783401ba1abdf6ac3a52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, юнеско, ёдгориҳо
дар тоҷикистон, фарҳанг, юнеско, ёдгориҳо
Нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба ИСЕСКО ворид шуд
19:10 07.07.2022 (Навсозишуда: 21:41 07.07.2022) Аз нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон дутои онҳо ба феҳрасти асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Нуздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳрасти мероси фарҳангии моддии ИСЕСКО ворид гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, афзудааст, ки парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби коршиносони Вазорати фарҳанг, Мирзошариф Абдусаломов ва Наботов Муҳаммад таҳия гардидааст.
Манбаъ дақиқан зикр накард, ки кадом ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба мероси ИСЕСКО ворид шуданд.
Қайд гардид, ки ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10 -уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4 то 7 июли соли равон дар Шоҳигарии Мароко баргузор гардид, тасдиқ шудаанд.
Манбаъ меафзояд, ташаббускори ворид шудани 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.
"Парвандаҳои номтнатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид", - омадааст дар хабарнома.
Бояд гуфт, аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.