Танзими қонунии фаъолияти блогерҳои Тоҷикистон омӯхта мешавад

© PixabayТелефон в руках, архивное фото
Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон дар шароити муосир, ки блогерҳо дар фазои интернетӣ фаъол шуда истодаанд, танзими қонунии кори онҳоро меомӯзад
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Масъалаи танзими қонунии фаъолияти блогерҳо дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.
Ин нуктаро мудири Маркази миллии қонунгузории назди раисҷумҳури Тоҷикистон Изатулло Саидзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай зикр намудаст, ки ниҳоди тобеяш қонун "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот"-ро мавриди таҳлили муқоисавӣ ва ҳуқуқӣ қарор дод. Ӯ зарурияти танзими муносибатҳо доир ба фаъолияти блогерҳоро зикр намуда, афзуд, ки ин масъаларо оянда мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ солҳои охир теъдоди блогерҳо дар шабакаҳои гуногуни интернетӣ майли афзоиш дорад.
Ба иттилои мақомоти андози Тоҷикистон, ба ҳолати нимаи соли равон, ба сифати шахсони воқеӣ 32 блогер дар Кумитаи андоз худро сабти ном кардаанд ва ба буҷаи кишвар андоз пардохт кардаанд.
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Таҳдиди то 8 соли зиндон: ВУД гуфт, Маҳмадҷонов блогер нест, модараш дар ҳабс қарор дорад
"Блогерҳо давоми соли гузашта, ки муҳлати пешниҳоди эъломияашон то 1 апрел баъди соли ҳисоботӣ ҳаст, беш аз 18 млн сомонӣ даромади андозбандишаванда нишон додаанд. Аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат тақрибан 2 млн сомонӣ андоз ворид шудааст", - омадааст дар матлаб.
Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, нисбати блогерҳое, ки аз сабти ном ва супоридани андоз саркашӣ мекунанд, чораҷӯӣ карда мешавад.
"Мо манбаъҳои онҳоро дуруст муайян карда наметавонем, вале мо маълумот дорем, ки онҳо чӣ қадар даромад мегиранд. Санадҳои меъёрӣ имкон намедиҳад, ки мо блогерҳоро дуруст андозбандӣ кунем", - гуфт намояндаи Кумитаи андоз.
Ӯ афзуд, ки дар Тоҷикистон феълан таҷрибаи давлатҳои дигарро дар ин самт омӯхта истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0