https://sputnik.tj/20220209/izhorot-vud-mahmadjonov-bloger-modar-habs-1045658890.html
Таҳдиди то 8 соли зиндон: ВУД гуфт, Маҳмадҷонов блогер нест, модараш дар ҳабс қарор дорад
Таҳдиди то 8 соли зиндон: ВУД гуфт, Маҳмадҷонов блогер нест, модараш дар ҳабс қарор дорад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон боздошти модари Шерзод Маҳмадҷонов, ҷавони тоҷики муқими Аврупо, ки блогеру мухолифи ҳукумат муаррифӣ мешавад, тавзеҳ додаст
2022-02-09T11:05+0500
2022-02-09T11:05+0500
2022-02-09T12:00+0500
дар тоҷикистон
гумонбар
боздошт
ҳабс
модар
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/23/1029422318_0:19:3000:1707_1920x0_80_0_0_c80d9f9e2ff170e748783b20abcb13c2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот таъйид намуд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов дар ҳабс қарор дорад. Маҳмадҷонов бо тахаллуси Абдураҳмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунад. Ба иттилои ВУД, алайҳи Маҳмадҷоноваи 44-сола, сокини шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. ВУД таъкид намудааст, ки ин шаҳрванд бар асоси моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста мешавад. Ин банди кодекс муҷозот барои ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ - ифротгароиро пешбинӣ намудааст. Назари худи Маҳмадҷонова ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳомоти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон маълум нест. Дар ҳамин ҳол ВУД таъкид намудааст, ки фарзанди дастгиршуда - Шерзод Маҳмадҷонов Тулфорович, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мухолифини ҳукумат муаррифӣ мешавад, дар асл блогер ва ё "оппозитсионер" нест. Манбаъ изҳор доштааст, ки Маҳмадҷонов барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.Дар ҳоле ки боздошти ин модар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст, мақомоти тоҷик мегӯянд, барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ӯ бо ғизо мушкиле ҷой надорад.ВУД афзуд, гумонбаршуда аз ҳамаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, аз ҷумла аз ҳуқуқ ба ҳимоя ва изҳори раддия бархурдор мебошад. Бар асоси банде, ки алайҳи Маҳмадҷонова иттиҳом эълон шудааст, аз 5 то 8 соли зиндон пешбинӣ гардидааст. Ин дар хусуси иштирок дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшудаи экстремистӣ ва ё мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо аз тариқи расонаҳо ва интернет аст.
https://sputnik.tj/20220202/rusiya-bargasht-bozdosht--rahimzoda-aybi-alovatshoev-1045409364.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/23/1029422318_233:0:2900:2000_1920x0_80_0_0_b01b310c637a76a6c60f8b3d4d1752bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳмадҷонов, блогер, модар, ҳабс
маҳмадҷонов, блогер, модар, ҳабс
Таҳдиди то 8 соли зиндон: ВУД гуфт, Маҳмадҷонов блогер нест, модараш дар ҳабс қарор дорад
11:05 09.02.2022 (Навсозишуда: 12:00 09.02.2022) Мақомоти Тоҷикистон боздошти модари ҷавони тоҷики муқими Аврупоро, ки блогеру мухолифи ҳукумат муаррифӣ мешавад, тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот таъйид намуд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов дар ҳабс қарор дорад. Маҳмадҷонов бо тахаллуси Абдураҳмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунад.
Ба иттилои ВУД, алайҳи Маҳмадҷоноваи 44-сола, сокини шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
ВУД таъкид намудааст, ки ин шаҳрванд бар асоси моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста мешавад. Ин банди кодекс муҷозот барои ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ - ифротгароиро пешбинӣ намудааст.
Назари худи Маҳмадҷонова ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳомоти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон маълум нест.
Дар ҳамин ҳол ВУД таъкид намудааст, ки фарзанди дастгиршуда - Шерзод Маҳмадҷонов Тулфорович, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мухолифини ҳукумат муаррифӣ мешавад, дар асл блогер ва ё "оппозитсионер" нест. Манбаъ изҳор доштааст, ки Маҳмадҷонов барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Дар ҳоле ки боздошти ин модар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст, мақомоти тоҷик мегӯянд, барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ӯ бо ғизо мушкиле ҷой надорад.
ВУД афзуд, гумонбаршуда аз ҳамаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, аз ҷумла аз ҳуқуқ ба ҳимоя ва изҳори раддия бархурдор мебошад.
Бар асоси банде, ки алайҳи Маҳмадҷонова иттиҳом эълон шудааст, аз 5 то 8 соли зиндон пешбинӣ гардидааст. Ин дар хусуси иштирок дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшудаи экстремистӣ ва ё мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо аз тариқи расонаҳо ва интернет аст.