https://sputnik.tj/20220720/rosatom-partovgoh-radioaktivi-istiqlol-1050132404.html
Ҷалби "Росатом" ба безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Суғд: тафсилоти хатар
Ҷалби "Росатом" ба безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Суғд: тафсилоти хатар
Sputnik Тоҷикистон
Партовгоҳи радиоактивии воқеъ дар шаҳри Истиқлол, яке аз 9 партовгоҳҳои дорои пасмондаҳои уран дар шимоли Тоҷикистон, то ҳол рӯйпуш карда нашудааст
2022-07-20T17:00+0500
2022-07-20T17:00+0500
2022-07-20T20:01+0500
дар тоҷикистон
партов
партовгоҳ
суғд
истиқлол
росатом
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/14/1050132620_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_c2fc65627f49c1322ebe5f7f47d6b140.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Корҳои безараргардонии партовгоҳ дар Истиқлол, собиқ Табошаҳрро, корпоратсияи давлатии Русия - "Росатом" амалӣ мекунад. Дар ин бора Хуршедҷон Очилов, мудири корхонаи фаръии махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, "Росатом" дар музоядаи Ожонси байнулмиллалии энержии ҳастаӣ - МАГАТЭ дар самти безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ пирӯз шуда, ба иҷрои кор дар шаҳри Истиқлол шурӯъ намудааст. Очилов тавзеҳ дод, ки “Росатом” марҳилаи аввали корро, ки аз лоиҳакашӣ, иҷозатномагирӣ иборат буд, ба иҷро расонидааст. “Дар марҳилаи дуюм хокпушкунӣ ва безараргардонии ҳудуди партовгоҳи радиоактивӣ амалӣ мешавад. Барои хокпӯш намудани партовгоҳ аз ҳудуди шаҳри Истиқлол замин ҷудо карда шудааст. Зимнан барои иҷрои ин марҳилаи кор тасвиби шартнома миёни Вазорати саноат ва “Росатом” дар баррасӣ қарор дорад” - гуфт ӯ. Бино ба гуфтаи масъули корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” корҳои безараргардонӣ дар ин партовгоҳ, тибқи Барномаи байнидавлатӣ оид ба амалишавии мақсадноки солимгардонии ҳудуди давлатҳои зери истеҳсоли уран қарор гирифта, барои солҳои 2013 -2023 дар се марҳила ба иҷро расонида мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки дар ин давра ҳудуди партовгоҳ деворбандӣ шуда, барои эмин нигоҳ доштан аз олудасозии фазо ва хоку об, он ба пуррагӣ хокпушу безарар гардонида шавад. Партовгоҳи радиоактивии шаҳри Истиқлол яке аз 9 партовгоҳи дорои пасмондаҳои уран дар шимоли Тоҷикистон мебошад, ки дар масоҳати 55 га ҷойгир шуда, то кунун безарар гардонида нашудааст. Масъулин мегӯянд, дар ҳолати кунунӣ, он сабаби паҳну хориҷ шудани моддаҳои зиёновари уран мегардад. Партовгоҳи радиоактивии маъруф ба “Деҳмой”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бузургтарин партовгоҳҳои дорои пасмондаҳои уран дар миқёси кишварҳои Осиёи Миёна гуфта мешавад, ки ҳудуди 90 гектар масоҳат дорад. То кунун ин партовгоҳ ҳам пурра хокпуш карда нашудааст. Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро “гуристонҳои уран” ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд. Аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 3 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин се партовгоҳ 200 гектар буда, дар онҳо ҳудуди 50 млн тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд. Бино ба арзёбии масъулони корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” барои рупӯш ва безараргардонии партовгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 70 млн евро зарур аст, ки тавони молии давлат ба он намерасад ва ниёз ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ дорад.
https://sputnik.tj/20220605/tojikiston-partovho-radiaktivi-1048944604.html
https://sputnik.tj/20220718/afzoish-tavlid-tilo-tojikiston-1050076538.html
суғд
истиқлол
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/14/1050132620_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_8041bc457d25ddf016e109cfd48a1b0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
росатом, партовгоҳ, безараргардонӣ, суғд, истиқлол
росатом, партовгоҳ, безараргардонӣ, суғд, истиқлол
Ҷалби "Росатом" ба безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Суғд: тафсилоти хатар
17:00 20.07.2022 (Навсозишуда: 20:01 20.07.2022) Партовгоҳи радиоактивии воқеъ дар шаҳри Истиқлол, яке аз 9 партовгоҳи дорои боқимондаҳои уран дар шимоли Тоҷикистон то ҳол рӯйпӯш карда нашудааст
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Корҳои безараргардонии партовгоҳ дар Истиқлол, собиқ Табошаҳрро, корпоратсияи давлатии Русия - "Росатом" амалӣ мекунад.
Дар ин бора Хуршедҷон Очилов, мудири корхонаи фаръии махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, "Росатом" дар музоядаи Ожонси байнулмиллалии энержии ҳастаӣ - МАГАТЭ дар самти безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ пирӯз шуда, ба иҷрои кор дар шаҳри Истиқлол шурӯъ намудааст.
Очилов тавзеҳ дод, ки “Росатом” марҳилаи аввали корро, ки аз лоиҳакашӣ, иҷозатномагирӣ иборат буд, ба иҷро расонидааст.
“Дар марҳилаи дуюм хокпушкунӣ ва безараргардонии ҳудуди партовгоҳи радиоактивӣ амалӣ мешавад. Барои хокпӯш намудани партовгоҳ аз ҳудуди шаҳри Истиқлол замин ҷудо карда шудааст. Зимнан барои иҷрои ин марҳилаи кор тасвиби шартнома миёни Вазорати саноат ва “Росатом” дар баррасӣ қарор дорад” - гуфт ӯ.
Бино ба гуфтаи масъули корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” корҳои безараргардонӣ дар ин партовгоҳ, тибқи Барномаи байнидавлатӣ оид ба амалишавии мақсадноки солимгардонии ҳудуди давлатҳои зери истеҳсоли уран қарор гирифта, барои солҳои 2013 -2023 дар се марҳила ба иҷро расонида мешавад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар ин давра ҳудуди партовгоҳ деворбандӣ шуда, барои эмин нигоҳ доштан аз олудасозии фазо ва хоку об, он ба пуррагӣ хокпушу безарар гардонида шавад.
Партовгоҳи радиоактивии шаҳри Истиқлол яке аз 9 партовгоҳи дорои пасмондаҳои уран дар шимоли Тоҷикистон мебошад, ки дар масоҳати 55 га ҷойгир шуда, то кунун безарар гардонида нашудааст. Масъулин мегӯянд, дар ҳолати кунунӣ, он сабаби паҳну хориҷ шудани моддаҳои зиёновари уран мегардад.
Партовгоҳи радиоактивии маъруф ба “Деҳмой”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бузургтарин партовгоҳҳои дорои пасмондаҳои уран дар миқёси кишварҳои Осиёи Миёна гуфта мешавад, ки ҳудуди 90 гектар масоҳат дорад. То кунун ин партовгоҳ ҳам пурра хокпуш карда нашудааст.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро “гуристонҳои уран” ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 3 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин се партовгоҳ 200 гектар буда, дар онҳо ҳудуди 50 млн тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд.
Бино ба арзёбии масъулони корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” барои рупӯш ва безараргардонии партовгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 70 млн евро зарур аст, ки тавони молии давлат ба он намерасад ва ниёз ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ дорад.