https://sputnik.tj/20220622/tojikiston-afghoniston-gardish-mol-afzoish-dodand-1049419131.html
Аз нерӯи барқ то сементу маҳсулоти кишоварзӣ: Тоҷикистон ба Афғонистон бештар чӣ медиҳад
Аз нерӯи барқ то сементу маҳсулоти кишоварзӣ: Тоҷикистон ба Афғонистон бештар чӣ медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Содироти нерӯи барқ, семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар колоҳо аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Афғонистон тақрибан сеяк фоиз афзоиш ёфтааст
2022-06-22T16:45+0500
2022-06-22T16:45+0500
2022-06-22T16:45+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/76/1027607606_0:312:3001:2000_1920x0_80_0_0_ed575c88ea75605cb0fe12de71313009.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз моҳи январ то майи соли 2022 нисбат ба соли 2021 қариб 30% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Тибқи маълумоти мавҷуда, соли равон гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди 36,3 миллион долларро ташкил додааст. Ба ин тартиб Афғонистон дар миёни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти Тоҷикистон дар ҷойи ҳаштум қарор дорад. Тақрибан 97%-и ҳаҷми умумии гардиши дуҷониба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояро ташкил дод. Маҳсулоти асосӣ фурӯши қувваи барқ ба Афғонистон буда, маблағи он қариб нисфи муомилотро ташкил медиҳад.Илова бар ин Афғонистон мисли пештара аз Тоҷикистон семент, маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзиро харидорӣ мекунад.Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ миллионҳо даромад мегирадҚобили зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2022 беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод. Ин назар ба соли гузашта 4,4 фоиз зиёд аст. Шарики асосии тиҷорӣ Русия буда, гардиши молии дуҷониба беш аз 610 миллион долларро ташкил додааст. Хаҷми муомилоти мол бо чор мамлакати дигар чунин буд:Дар маҷмуъ Тоҷикистон бо 99 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ барқарор кардааст.
https://sputnik.tj/20220618/sodirot-sughd-rusiya-afzud-1049322019.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/76/1027607606_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_ff5c9388ac556aca6db2a12ed5ff255c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон афғонистон
Аз нерӯи барқ то сементу маҳсулоти кишоварзӣ: Тоҷикистон ба Афғонистон бештар чӣ медиҳад
Содироти нерӯи барқ, семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар колоҳо аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Афғонистон тақрибан сеяк фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз моҳи январ то майи соли 2022 нисбат ба соли 2021 қариб 30% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Тибқи маълумоти мавҷуда, соли равон гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди 36,3 миллион долларро ташкил додааст.
Ба ин тартиб Афғонистон дар миёни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти Тоҷикистон дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.
Тақрибан 97%-и ҳаҷми умумии гардиши дуҷониба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояро ташкил дод.
Маҳсулоти асосӣ фурӯши қувваи барқ ба Афғонистон буда, маблағи он қариб нисфи муомилотро ташкил медиҳад.
Илова бар ин Афғонистон мисли пештара аз Тоҷикистон семент, маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзиро харидорӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2022 беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод. Ин назар ба соли гузашта 4,4 фоиз зиёд аст.
Шарики асосии тиҷорӣ Русия буда, гардиши молии дуҷониба беш аз 610 миллион долларро ташкил додааст. Хаҷми муомилоти мол бо чор мамлакати дигар чунин буд:
Қазоқистон – 545 миллион доллар;
Чин – 550 миллион доллар;
Ўзбекистон – 212 миллион доллар;
Туркия - 150 миллион доллар.
Дар маҷмуъ Тоҷикистон бо 99 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ барқарор кардааст.