Раиси Суғд ваъда дод, ки ба муаллимону табибон ҳазор хона месозанд: ин кай иҷро мешавад?

© Schluesseldienst / pixabayКлючи от дома
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Мақомот мегӯянд, дар вилояти Суғд сохтмони хонаҳо барои кормандони соҳаи буҷавӣ, аз ҷумла барои табибону омӯзгорон шуруъ мешаванд
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, бунёди хонаҳои иҷтимоӣ оғоз шудааст ва рӯзҳои наздик теъдоде аз онҳо ба мутахассисони соҳаи маориф ва тандурустӣ тақдим мегардад.
“Идораи сохтмони вилоят бунёди хонаҳои иҷтимоиро оғоз кардааст. Рӯзҳои наздик бо иштироки меҳмонони олимақом ба 45 мутахассисони соҳаи маориф ва тандурустӣ хонаҳо тақдим карда мешавад” - таъкид намуд, Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд ҳамчунин ваъда дод, ки дар оянда барои ҳазор кормандони соҳаи буҷҷавӣ умдатан табибону омӯзгорон аз ҳисоби ҳукумат хонаҳо сохта шуда ва ҳамасола теъдоди муайяне аз онҳо тақдим мешавад.
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Аҳмадзода дар Ворух бо сокинони аз сел зарардида суҳбат карду ба масъулин супориш дод
Бино ба гуфти Аҳмадзода ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ҳам лоиҳаҳои сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои ин қишри ҷомеа тасдиқ карда шудааст.
Мавзуъи сохтмони хонаҳои иҷтимоӣ як сол қабл замоне дар ҷаласаи ҳукумати Суғд садо дода буд, он ҷо дар бораи муҳоҷиршавии селаи омӯзгорону табибон ва ба ин ҳол ба мушкили кадрӣ дучор шудани муассисаҳои тандурустӣ ва маориф баён мешуд.
Масъулини ҳукумат тақдими хонаҳои иҷтимоиро яке аз чораҳои муассисри пешгирикунанда аз муҳоҷиршавии табибону омӯзгорон медонанд.
Лентаи хабарҳо
0