Раҳимзода гуфт, толибон ваъдаашон дар бораи маводи мухаддирро иҷро накарданд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкГашиш, архивное фото
Гашиш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар марз зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки толибон дар бораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ваъдаи мубориза дода буданд, ки натиҷаи он равшан нест.
Ба гуфтаи ӯ дар як соли ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар Афғонистон мизони қочоқи маводди мамнуъ дар марз на танҳо коҳиш наёфтааст, балки ҳатто афзудааст.
"Толибон изҳор доштаанд, ки алайҳи паҳншавии маводи мухаддир мубориза хоҳанд бурд, аммо мо натиҷаи рӯшанеро мушоҳида намекунем - дар Тоҷикистон давоми як сол, нисбат ба соли гузашта, бештар маводи мухаддир мусодира шудааст. Яъне мо иҷрои ваъдаҳои толибонро намебинем", - гуфт вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.
Тибқи иттилои ин ниҳод, зарфи шаш моши соли ҷорӣ дар кишвар бо ҷурми омода нигоҳдошт ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 223 нафар боздошт гардиданд.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби ин ниҳод як тона маводи мухаддир мусодира ва шаш гуруҳи муташаккили ҷиноӣ маҳв карда шудааст.
Дар робита ба ин ҷиноёт аз ҷумла 20 шаҳрванди Афғонистон дастгир шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки коршиносон низ қаблан гуфтан буданд, толибон ба ин ваъдаашон истод нестанд. Зеро гуруҳе, ки дар гузашта аслан манбаи даромадаш фурӯши маводи мухаддир буд, аз ин кор канорагирӣ карда наметавонад.
Ҳамчунин вазъи душвори иқтисоди ин кишвар ба коҳиши он иҷоза намедиҳад.
Қаблан Владимир Кулишов, муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Русия ба дар бораи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон гуфт, "вазъият дар ин кишвар ҳанӯз душвор аст".
Мак, опиаты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Истихбороти Русия: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ОМ ду баробар афзоиш ёфтааст
Ба ҷуз аз далоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ба рушди он ҳузури гурӯҳҳои мухталифи созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки мехоҳанд мавқеъҳои худро дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла муқовимат бо мақомоти кунунӣ таҳким бахшанд, таъсири назаррас дорад.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои марзбонии Русия бо шарикон дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкорӣ карда, дар баъзе мавридҳо барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти муштараки пешгирӣ ва ҷустуҷӯӣ анҷом медиҳанд.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви СПАД-ро афзоиш медиҳад.
Ҳамзамон Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, ҳарчанд заминҳои кишти маводи мухаддир дар Афғонистон коҳиш ёфтааст, аммо ин кишвар ҳамчунон бузургтарин тавлидукунандаи маводи мухаддир боқӣ мондааст
Лентаи хабарҳо
0