https://sputnik.tj/20220527/rusiya-qochoq-mavod-mukhaddir-afghoniston-om-afzoish-1048744000.html
Истихбороти Русия: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ОМ ду баробар афзоиш ёфтааст
Истихбороти Русия: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ОМ ду баробар афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Идораи истихбороти Русия мегӯяд, ки вазъ дар Афғонистон муташанниҷ боқӣ мемонад ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба Осиёи Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст
2022-05-27T12:10+0500
2022-05-27T12:10+0500
2022-05-27T16:36+0500
афғонистон
ом
дар русия
маводи мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045716682_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_5188f5bda4e09348ce09bac8df90e899.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Владимир Кулишов, муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Русия ба хабарнигорон дар бораи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон гуфт, "вазъият дар ин кишвар ҳанӯз душвор аст". Ба ҷуз аз далоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ба рушди он ҳузури гурӯҳҳои мухталифи созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки мехоҳанд мавқеъҳои худро дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла муқовимат бо мақомоти кунунӣ таҳким бахшанд, таъсири назаррас дорад. Дар баробари авҷ гирифтани буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ба афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои ҳамсоя, хатари вуруди террористони байналмилалӣ дар миёни гурезагон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия мусоидат мекунад."Дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Африқои Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Танҳо дар ин муддат дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 3,5 тонна мусодира шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 1,7 тонна баробар буд", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои марзбонии Русия бо шарикон дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкорӣ карда, дар баъзе мавридҳо барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти муштараки пешгирӣ ва ҷустуҷӯӣ анҷом медиҳанд.Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви СПАД-ро афзоиш медиҳад.Ҳамзамон Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, ҳарчанд заминҳои кишти маводи мухаддир дар Афғонистон коҳиш ёфтааст, аммо ин кишвар ҳамчунон бузургтарин тавлидукунандаи маводи мухаддир боқӣ мондааст
https://sputnik.tj/20220323/smm-afghoniston-mavodi-mukhaddir-jahon-1047025453.html
афғонистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045716682_5:0:921:687_1920x0_80_0_0_2acc93cd8280a14cb139b1af815a4762.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия қочоқ мавод мухаддир афғонистон ом афзоиш ё
русия қочоқ мавод мухаддир афғонистон ом афзоиш ё
Истихбороти Русия: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ОМ ду баробар афзоиш ёфтааст
12:10 27.05.2022 (Навсозишуда: 16:36 27.05.2022) Идораи истихбороти Русия мегӯяд, ки вазъ дар Афғонистон муташанниҷ боқӣ мемонад ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба Осиёи Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Владимир Кулишов, муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Русия ба хабарнигорон дар бораи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон гуфт, "вазъият дар ин кишвар ҳанӯз душвор аст".
Ба ҷуз аз далоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ба рушди он ҳузури гурӯҳҳои мухталифи созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки мехоҳанд мавқеъҳои худро дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла муқовимат бо мақомоти кунунӣ таҳким бахшанд, таъсири назаррас дорад.
Дар баробари авҷ гирифтани буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ба афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои ҳамсоя, хатари вуруди террористони байналмилалӣ дар миёни гурезагон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия мусоидат мекунад.
"Дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Африқои Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Танҳо дар ин муддат дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 3,5 тонна мусодира шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 1,7 тонна баробар буд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои марзбонии Русия бо шарикон дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкорӣ карда, дар баъзе мавридҳо барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти муштараки пешгирӣ ва ҷустуҷӯӣ анҷом медиҳанд.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви СПАД-ро афзоиш медиҳад.
Ҳамзамон Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, ҳарчанд заминҳои кишти маводи мухаддир дар Афғонистон коҳиш ёфтааст, аммо ин кишвар ҳамчунон бузургтарин тавлидукунандаи маводи мухаддир боқӣ мондааст