https://sputnik.tj/20220719/qaror-rais-dushanbe-nuqta-suzishvori-1050100143.html
Қарори раиси Душанбе барои бардоштани нуқтаҳои хатарноки сӯзишворӣ
Қарори раиси Душанбе барои бардоштани нуқтаҳои хатарноки сӯзишворӣ
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар пойтахтро, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯй нестанд, бардошта шаванд
2022-07-19T16:50+0500
2022-07-19T16:50+0500
2022-07-19T16:56+0500
дар тоҷикистон
вуд
оташ
сӯхтор
раис
душанбе
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102464/72/1024647201_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_b74980286ae1303e0aae6b92a895e744.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҳудуди 17 нуқтаи сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба талабот мувофиқат намекунанд, бардошта хоҳанд шуд. Дар ин бора масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, аллакай қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои бартараф кардани нуқтаҳои ғайримеъёрӣ ба тасвиб расидааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ҳар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳӣ танҳо баъди иҷозати мақомоти оташнишонӣ сохта мешавад. Ба иттилои Раҳимзода аз аввали сол то 30 июн дар ҷумҳурӣ 472 ҳолати сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбати нишондоди соли гузашта 83 холат ё 15% кам мебошад. Ба иттилои вазири умури дохилаи Тоҷикистон бар асари сӯхторҳо 9 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 3 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳад. Теъдоди маҷруҳшудаҳо беш аз 30 нафар арзёбӣ гардид. Зарари расида аз сӯхторҳо дар нимсолаи аввали соли равон наздики 14,4 млн сомонӣ ҳисоб карда шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 16,7 млн сомониро ташкил медод. Таъкид шудааст, ки оташнишонҳо тайи ин муддат ҳаёти 77 нафарро аз сӯхтор наҷот дода, амволи шаҳрвандонро ба маблағи наздик ба 300 млн сомонӣ аз нобудшавӣ ҳифз кардаанд.
https://sputnik.tj/20220620/tarkish-dushanbe-vkd-jarohat-video-1049341595.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102464/72/1024647201_8:0:908:675_1920x0_80_0_0_fa297a3006b6e61a97ecdb34166328a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тахриб, хатарнок, сӯзишворӣ, душанбе
тахриб, хатарнок, сӯзишворӣ, душанбе
Қарори раиси Душанбе барои бардоштани нуқтаҳои хатарноки сӯзишворӣ
16:50 19.07.2022 (Навсозишуда: 16:56 19.07.2022) Шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворие дар пойтахт, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, аз миён бардошта шаванд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҳудуди 17 нуқтаи сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба талабот мувофиқат намекунанд, бардошта хоҳанд шуд.
Дар ин бора масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аллакай қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои бартараф кардани нуқтаҳои ғайримеъёрӣ ба тасвиб расидааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ҳар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳӣ танҳо баъди иҷозати мақомоти оташнишонӣ сохта мешавад.
Ба иттилои Раҳимзода аз аввали сол то 30 июн дар ҷумҳурӣ 472 ҳолати сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбати нишондоди соли гузашта 83 холат ё 15% кам мебошад.
Ба иттилои вазири умури дохилаи Тоҷикистон бар асари сӯхторҳо 9 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 3 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳад. Теъдоди маҷруҳшудаҳо беш аз 30 нафар арзёбӣ гардид.
Зарари расида аз сӯхторҳо дар нимсолаи аввали соли равон наздики 14,4 млн сомонӣ ҳисоб карда шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 16,7 млн сомониро ташкил медод.
Таъкид шудааст, ки оташнишонҳо тайи ин муддат ҳаёти 77 нафарро аз сӯхтор наҷот дода, амволи шаҳрвандонро ба маблағи наздик ба 300 млн сомонӣ аз нобудшавӣ ҳифз кардаанд.