https://sputnik.tj/20220620/tarkish-dushanbe-vkd-jarohat-video-1049341595.html
Таркиш дар маркази Душанбе: ВКД аз як ҷароҳатбардошта хабар дод - видео
Таркиш дар маркази Душанбе: ВКД аз як ҷароҳатбардошта хабар дод - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази шаҳри Душанбе баллони газ дар яке аз қаҳвахонаҳо таркид, ки бар асари ин таркиш як нафар ҷароҳат бардоштааст 20.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-20T11:54+0500
2022-06-20T11:54+0500
2022-06-20T13:47+0500
дар тоҷикистон
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630421_0:127:2437:1498_1920x0_80_0_0_04510c8776adc7c498828ce4b403c70a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Субҳи 20 июн дар назди кинотеатри "Ватан" дар қаҳвахонаи "Лола" бар асари таркиши баллони газ сӯхтор сар зад.Акс ва видео аз ҷойи ҳодиса зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Зимнан, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти муфассалтари ин ҳодисаи нохушро нашр намуд. Бар хабари манбаъ, дар қаҳвахонаи "Лола", воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 13-и шаҳри Душанбе, таркиши зарфи гази моеъ ба вуқӯъ омада, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт".Ин ниҳод хабар дод, ки бар асари ин ҳодисаи нохуш як нафар ҷароҳати сӯзиши бадан бардоштааст.Гуфта мешавад, алангаи оташ зуд аз сӯйи сӯхторнишонон дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.Зикр гардид, ки хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сурат нагирифт.ВКД меафзояд, қаҳвахонаи мазкур ба соҳибкори 52 - сола таааллуқ дорад. Феълан, кормандони милиса ва прокуратура дар ҷойи ҳодиса тафтишот анҷом медиҳанд.Ёдовар мешавем, ки моҳи равон дар бузургтарин бозори шаҳри Бохтар сӯхтор сар зада, ки хисороти умумии он ба 3,8 миллион сомонӣ баробар шуд.Муайян гардид, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ буд. Оташро 28 мошини сӯхторнишонӣ хомӯш карданд.
https://sputnik.tj/20220609/elon-hajmi-khisorot-sukhtor-bozor-bokhtar-1049053925.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630421_135:0:2302:1625_1920x0_80_0_0_3b9baed485c8643e5a53da6ce9d6b9fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вкд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, сӯхтор
дар тоҷикистон, вкд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, сӯхтор
Таркиш дар маркази Душанбе: ВКД аз як ҷароҳатбардошта хабар дод - видео
11:54 20.06.2022 (Навсозишуда: 13:47 20.06.2022) Дар маркази шаҳри Душанбе баллони газ дар яке аз қаҳвахонаҳо таркид, ки бар асари ин таркиш як нафар ҷароҳат бардоштааст
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Субҳи 20 июн дар назди кинотеатри "Ватан" дар қаҳвахонаи "Лола" бар асари таркиши баллони газ сӯхтор сар зад.
Акс ва видео аз ҷойи ҳодиса зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Зимнан, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти муфассалтари ин ҳодисаи нохушро нашр намуд. Бар хабари манбаъ, дар қаҳвахонаи "Лола", воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 13-и шаҳри Душанбе, таркиши зарфи гази моеъ ба вуқӯъ омада, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт".
Ин ниҳод хабар дод, ки бар асари ин ҳодисаи нохуш як нафар ҷароҳати сӯзиши бадан бардоштааст.
Гуфта мешавад, алангаи оташ зуд аз сӯйи сӯхторнишонон дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.
Зикр гардид, ки хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сурат нагирифт.
ВКД меафзояд, қаҳвахонаи мазкур ба соҳибкори 52 - сола таааллуқ дорад. Феълан, кормандони милиса ва прокуратура дар ҷойи ҳодиса тафтишот анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи равон дар бузургтарин бозори шаҳри Бохтар сӯхтор сар зада, ки хисороти умумии он ба 3,8 миллион сомонӣ баробар шуд.
Муайян гардид, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ буд. Оташро 28 мошини сӯхторнишонӣ хомӯш карданд.