https://sputnik.tj/20220719/rahimzoda-oshub-rushon-amaliyot-1050094247.html
Раҳимзода ошӯби Рӯшон ва амалиёти мақомотро шарҳ дод
Раҳимзода ошӯби Рӯшон ва амалиёти мақомотро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи амалиёти мақомот дар ВМКб гуфт, онро равшан нишон доданд ва онро аз ягон созмони ҳомии ҳуқуқ пинҳон накардаанд
2022-07-19T12:07+0500
2022-07-19T12:07+0500
2022-07-19T12:37+0500
вкд
дар тоҷикистон
рӯшон
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041395791_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_af7e575753eb5672af96ed9ebfd20995.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро амалиёт дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ сурат гирифт.Ӯ зимни нишасти хабарияш гуфт, амалиёт замоне сар шуд, ки “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” камин гирифтанд ва гурӯҳи зудамали “Алфа”-ро намонданд сӯи Хоруғ раҳсипор шавад. Ӯ дар мавриди нигаронии бархе созмонҳлои ҳомии ҳуқуқ гуфт, амалиёт замоне оғоз шуд мо ҳама чизро нишон додем ва барои ҳомиёни ҳуқуқ чизеро пинҳон накардаем.Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 18 май аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ин ноҳия хабар доданд. Бар асари ин амалиёт расман 8 сокини ноҳия кушта шуд.Мақомот аз кушташудагон аъзои гурӯҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки аз сокинони осоишта касе осеб надидааст.Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд.Зимнан, рӯзи 31 май низ мақомот дар ин ноҳия боз як амалиёти ҷадид гузаронид, ки дар натиҷа панҷ нафар кушта шуд. ВКД аз кушташудагон узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ном бурд.
https://sputnik.tj/20220613/kushta-khorugh-amaliyot-1049141982.html
рӯшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041395791_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_f9c3f1e2a88246cc2d00d11d4f3a5f67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳимзода ошӯб рӯшонро амалиёти мақомот
раҳимзода ошӯб рӯшонро амалиёти мақомот
Раҳимзода ошӯби Рӯшон ва амалиёти мақомотро шарҳ дод
12:07 19.07.2022 (Навсозишуда: 12:37 19.07.2022) Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи амалиёти мақомот дар ВМКБ гуфт, онро равшан нишон доданд ва аз ягон созмони ҳомии ҳуқуқ пинҳон накардаанд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро амалиёт дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ сурат гирифт.
Ӯ зимни нишасти хабарияш гуфт, амалиёт замоне сар шуд, ки “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” камин гирифтанд ва гурӯҳи зудамали “Алфа”-ро намонданд сӯи Хоруғ раҳсипор шавад.
“13 корманди “Алфа”- ро захмӣ ва нафари дигарро куштанд. Пас аз ин, амалиётросар кардем ва чандеро безарар ва чанди дигарро боздошт намудем”, - таъкид намуд Раҳимзода.
Ӯ дар мавриди нигаронии бархе созмонҳлои ҳомии ҳуқуқ гуфт, амалиёт замоне оғоз шуд мо ҳама чизро нишон додем ва барои ҳомиёни ҳуқуқ чизеро пинҳон накардаем.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 18 май аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ин ноҳия хабар доданд. Бар асари ин амалиёт расман 8 сокини ноҳия кушта шуд.
Мақомот аз кушташудагон аъзои гурӯҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки аз сокинони осоишта касе осеб надидааст.
Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд.
Зимнан, рӯзи 31 май низ мақомот дар ин ноҳия боз як амалиёти ҷадид гузаронид, ки дар натиҷа панҷ нафар кушта шуд. ВКД аз кушташудагон узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ном бурд.