Ширкати русӣ мехоҳад комбинати Адрасмони Тоҷикистонро дубора фаъол созад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкИзготовление карьерно-гусеничных экскаваторов на ПАО "Уралмашзавод" в Екатеринбурге
Изготовление карьерно-гусеничных экскаваторов на ПАО Уралмашзавод в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Мутахассисони ширкатҳои “Уралмашзавод” мехоҳанд “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон” дар вилояти Суғдро, ки солҳост фаъолият намекунад, дубора ба кор андозанд
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Собир Мамаҷонов, директори генералии Комбинати маъдантозакунии Адрасмон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ду моҳ қабл мутахассисони корхонаҳои Русия ба корхона ташриф оварда масъалаи ба корандозии онро фикр кардаанд.

“Намояндаҳои ширкати “УЗТМ - Картэкс” ва “Уралмашзавод” бевосита ба корхона омаданд шароити корхонаро омӯхтанд, мо ҳам дар навбати худ барои ҳамкорӣ пешниҳод додем. Ҳоло марҳилаи омӯзиши ҳамкорӣ ҷараён дорад” - иброз намуд, директори генерали корхона.

Комбинати маъдантозакунии Адрасмон (КМА) яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон маҳсуб мешавад, ки дар гузашта ба истеҳсоли хокаи сурб ва нуқра машғул буд.
Ҳудуди 17 сол, яъне то соли 2013 чархаҳои ин корхонаи саноатиро ширкатҳои Қазоқистон мегардониданд. Соли 2012 дар пайи буҳрони фарогири иқтисодӣ, ки сабаби якбора коҳишёбии нархи метал дар биржаҳои ҷаҳонӣ гардид, ин корхона ҳам аз кор боз монд.
Сотрудник предприятия ООО Бактрия Слейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Мақомот гуфтанд, дар шаш моҳ чанд корхона дар кишвар фаъолият накард
Соли 2016 ин корхона пурра моликияти давлат шуд ва саҳмдорони он Идораи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Вазорати саноат ва технологияи Тоҷикистон мебошад.
Комбинати маъдантозакунии Адрасмон дар гузашта бо истеҳсоли 500 тон консентрати сурб ва нуқра дар моҳ истеҳсол мекард, ки маблағи он то 1, 5 миллион сомонӣ рақам зада мешуд ва аз василаи умдаи ғанигардони буҷҷаи шаҳр маҳсуб мешуд.
Дар ин корхона ҳудуди 700 сокинон бо шуғл фаро гирифта мешуданд. Аммо бо сабаби нуҳ сол ба ин тараф бекор монданаш беш аз 47 миллион сомонӣ аз пардохти маош, барқ, андоз қарздор шудааст.
Дар ҳукумати шаҳри Гулистон гуфтанд, ки то ин вақт 25 корхонаву ширкатҳои хоримҷӣ барои ҳамкорӣ аз ин корхона дидан кардаанд. Аз ҷумла ширкатҳои чинӣ, вале то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
Масъулони корхона мегуянд, барои бозсозии КМА кам ва ё 100 миллион доллар сармоя лозим аст, то бо иқтидори нав ба кор дарояд.
Лентаи хабарҳо
0