Мақомот гуфтанд, дар шаш моҳ чанд корхона дар кишвар фаъолият накард

© Пресс-служба Президента РТСотрудник предприятия ООО "Бактрия Слейт"
Сотрудник предприятия ООО Бактрия Слейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 2479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тибқи иттилои масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷкистон, дар давоми 6 моҳи соли равон шумори корхонаҳои ғайри фаъол 673 коргоҳро ташкил дод.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин шумор 583 корхона мавсимӣ буда, 77-тои дигар коргоҳҳое мебошад, ки аз фаъолият бозмондаанд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда то якуми январи соли равон 90-торо ташкил медод.
Масъулини Вазорати саноат сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳо шарҳ доданд.

“Сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳо пеш аз ҳама дар марҳилаи барҳамхурӣ қарор доштан, муфлисшавӣ ва мушкилоти молиявӣ, мавҷудияти қарз аз ҳисоби андоз ва баҳси амволӣ бо бонкҳо мебошанд”, - қайд кардааст Вазорати саноат.

Ҳамчунин вазорат сабаби фаъолият накардани корхонаҳоро ба фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳури рафтани роҳбарони корхона, бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва дигар самт фаъолият доштани онҳо рабт додааст.
Производство тканей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Миллиардҳо: маълум шуд, ки дар Хатлон аз соҳаи саноат чӣ миқдор маблағ ба даст омад
Иттилоъ дода шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ 13 корхона аз рӯйхати корхонаҳои аз фаъолият бозмонда бароварда шуд, аз ҷумла 7 корхонаи саноатӣ, ҶДММ “Биби Ҳалима”, ҶДММ “Адолат -2014”, ҶДММ “25-солагии истиқлолият”, ҶДММ “Даҳбед”, ҶДММ “Поли-Рафити”, ҶДММ “Мунварраси М” ва ҶДММ “Кафолат Азия” фаъолияти истеҳсолии худро пурра барҳам доданд.
Инчунин ду корхона, “Роҳи оҳан”-и шаҳри Леваканд ва ҶДММ “Мисс Якуб” самти фаъолияташро иваз намуда, чаҳор корхонаи дигар, ҶДММ “Маъфар”, ҶДММ “Майрамбибӣ”, ҶДММ “Гиёҳҳои шифобахши Помир” ва ҶДММ “Строммаш” фаъолияташон барқарор карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0