Муштзани тоҷик дар Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанВ городе Костанай Республики Казахстан прошел международный юношеский турнир по боксу памяти братьев Урала и Коргана Айтановых
В городе Костанай Республики Казахстан прошел международный юношеский турнир по боксу памяти братьев Урала и Коргана Айтановых - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи бокс бо иштироки муштзанҳо аз кишварҳои аврупоию осиёӣ, аз ҷумла 7 варзишгари тоҷикистонӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Муштзан Анушервон Ақназаров дар вазни 67 кило барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур аз 13 то 17 июл дар шаҳри Костанайи Қазоқистон баргузор шуд. Ин сабқат тақрибан ҳамасола ба хотираи бародарон Урал ва Корган Айтановҳо гузаронда мешавад.

Манбаъ афзуд, ки соли равон дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла Қазоқистон, Покистон, Тоҷикистон, Лаҳистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ироқ иштирок доштанд.
Дзюдоист Шахбоз Саидаброров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Ҷудокорони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург" бемедал монданд
Аз Тоҷикистон низ соли равон 7 муштзан, аз ҷумла Асламҷон Қурбонов дар вазни 54 кило, Абубакр Муродов - 60кг, Олимҷон Орифзода - 63.5кг, Абдураҳим Ёқубов - 63.5кг, Анушервон Ақназаров - 67кг, Дилшодхон Саидаҳмадов - 67кг ва Нурланбек Эрматов дар вазни 75 кило дар ин мусобиқа зӯрозмоӣ карданд.
Аз миёни ҳайати Тоҷикистон танҳо як муштзан ба гирифтани як медали биринҷӣ ноил гардидааст.
Ақназаров дар вазни 67кг дар даври аввал бар варзишгари мизбон Максим Штро ғолиб шуд. Вай дар даври чорякниҳоӣ бар варзишгари дигари мизбон Абилай Сман пирӯз гардид. Вале дар нимфинал аз намояндаи Ӯзбекистон Ҷавоҳир Уматалиев мағлуб шуд.
Лентаи хабарҳо
0