https://sputnik.tj/20220711/judokoron-tojik-toskuloh-buzurg-medal-1049904404.html
Ҷудокорони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург" бемедал монданд
Ҷудокорони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург" бемедал монданд
Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти “Grand Slam” ҷоиза гирифта натавонистанд, ҳарчанд баъзеи онҳо дар арафаи пирӯзӣ буданд 11.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-11T12:55+0500
2022-07-11T12:55+0500
2022-07-11T14:04+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
комроншоҳ устопириён
ҷаҳонгир маҷидов
дзюдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048917932_0:0:1496:841_1920x0_80_0_0_7d6b3df445b151beafcb3c22962c6727.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҷудокорони тоҷик ҳунарнамоии худро дар дар мусобиқаи байналмилалии Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти Венгрия анҷом доданд.Дар мусобиқа 463 варзишгар, 265 мард ва 198 зан аз 66 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ ҷудокор: Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ карданд.Устопириён дар нахустин қувваозмоӣ бар Мунхбаяри Баттоғтохи муғул пирӯз шуд. Сипас бар Ника Харазашвилии гурҷӣ пирӯз шуда, ба даври 1/4 финал баромад ва дар он ҷо аз варзишкори бразилӣ Рафаэл Македо шикаст хӯрд. Пас аз ин, дзюдочии тоҷик муборизаро дар қувваозмоиҳои ҷавобӣ идома дод, вале ғолиб омада натавонист. Дар натиҷа Устопириён мақоми ҳафтумро гирифт.Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, бар Давид Кламмерт аз Ҷумҳурии Чех ва варзишгари қазоқ Эрасил Жанатаев пирӯз шуд. Дар қувваозмоии сеюм аз ҷудокори гурҷӣ Бека Гвиниашвилӣ шикаст хӯрд. Беҳрӯз Хоҷазода бештар аз ҳама ба медал наздик буд, аммо натавонист.и Ӯ дар қувваозмоии аввал бар Марк Христови булғорӣ ва дар даври сеюм бар Игор Ванткеи олмонӣ шикаст хӯрд. Варзишгар дар даври 1/4 финал дар сонияҳои охир аз ҷудочии озарбойҷонӣ Ҳидоят Ҳайдаров шикаст хӯрд. Дар қувваозмоиҳои ҷавобӣ барои медали биринҷӣ Хоҷазода аз Бутбул Тоҳари исроилӣ шикаст хӯрд ва баромади худро поён дод ва дар ҳисоби умумидастаӣ ҳафтум шуд.Маҳмадизода дар қувваозмоии аввал бар паҳлавони ветнамӣ Дат Дук Чу пирӯз, вале дар қувваозмоии дуввум аз Арюнболд Энхтайвани муғул шикаст хӯрд. Дар вазни то 66 кило Шаҳбоз Саидаброров аз Элиос Манзии итолиёвӣ шикаст хӯрд ва пас аз қувваозмоии аввал аз мусобиқот маҳрум шуд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натоиҷи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо ду ҷойи ҳафтум дар зинаи 34-ум қарор гирифт.Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Будапешт бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардиданд.Ба ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ба барандаи медали нуқра – 3000 ва бар барандагони ду медали биринҷӣ 1500-евроӣ доданд.Қобили зикр аст, ки марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти "Grand Slam" дар мавсими имсола дар Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.
https://sputnik.tj/20220711/varzishgar-tojik-boymurodov-qahramon-jahon-1049902939.html
https://sputnik.tj/20220707/pahlavon-tojik-qahramoni-osiyo-medal-1049809743.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048917932_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_cfd9f6db28a22ab03b222781373497e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷудокорон тоҷик тоскулоҳи бемедал
ҷудокорон тоҷик тоскулоҳи бемедал
Ҷудокорони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург" бемедал монданд
12:55 11.07.2022 (Навсозишуда: 14:04 11.07.2022) Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти “Grand Slam” ҷоиза гирифта натавонистанд, ҳарчанд баъзеи онҳо дар арафаи пирӯзӣ буданд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҷудокорони тоҷик ҳунарнамоии худро дар дар мусобиқаи байналмилалии Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти Венгрия анҷом доданд.
Дар мусобиқа 463 варзишгар, 265 мард ва 198 зан аз 66 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ ҷудокор: Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ карданд.
Устопириён дар нахустин қувваозмоӣ бар Мунхбаяри Баттоғтохи муғул пирӯз шуд. Сипас бар Ника Харазашвилии гурҷӣ пирӯз шуда, ба даври 1/4 финал баромад ва дар он ҷо аз варзишкори бразилӣ Рафаэл Македо шикаст хӯрд.
Пас аз ин, дзюдочии тоҷик муборизаро дар қувваозмоиҳои ҷавобӣ идома дод, вале ғолиб омада натавонист. Дар натиҷа Устопириён мақоми ҳафтумро гирифт.
Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, бар Давид Кламмерт аз Ҷумҳурии Чех ва варзишгари қазоқ Эрасил Жанатаев пирӯз шуд. Дар қувваозмоии сеюм аз ҷудокори гурҷӣ Бека Гвиниашвилӣ шикаст хӯрд.
Беҳрӯз Хоҷазода бештар аз ҳама ба медал наздик буд, аммо натавонист.и Ӯ дар қувваозмоии аввал бар Марк Христови булғорӣ ва дар даври сеюм бар Игор Ванткеи олмонӣ шикаст хӯрд.
Варзишгар дар даври 1/4 финал дар сонияҳои охир аз ҷудочии озарбойҷонӣ Ҳидоят Ҳайдаров шикаст хӯрд. Дар қувваозмоиҳои ҷавобӣ барои медали биринҷӣ Хоҷазода аз Бутбул Тоҳари исроилӣ шикаст хӯрд ва баромади худро поён дод ва дар ҳисоби умумидастаӣ ҳафтум шуд.
Маҳмадизода дар қувваозмоии аввал бар паҳлавони ветнамӣ Дат Дук Чу пирӯз, вале дар қувваозмоии дуввум аз Арюнболд Энхтайвани муғул шикаст хӯрд.
Дар вазни то 66 кило Шаҳбоз Саидаброров аз Элиос Манзии итолиёвӣ шикаст хӯрд ва пас аз қувваозмоии аввал аз мусобиқот маҳрум шуд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натоиҷи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо ду ҷойи ҳафтум дар зинаи 34-ум қарор гирифт.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Будапешт бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардиданд.
Ба ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ба барандаи медали нуқра – 3000 ва бар барандагони ду медали биринҷӣ 1500-евроӣ доданд.
Қобили зикр аст, ки марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти "Grand Slam" дар мавсими имсола дар Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.