https://sputnik.tj/20220718/muhojiron-tojik-vatan-bonki-milli-1050071460.html
Муҳоҷирони тоҷик чанд пул ба Ватан фиристодаанд: Бонки миллӣ фаҳмонд, ки чаро намедонад
Муҳоҷирони тоҷик чанд пул ба Ватан фиристодаанд: Бонки миллӣ фаҳмонд, ки чаро намедонад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон далели надоштани маълумоти мушаххас дар бораи ҳаҷми маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дод
2022-07-18T13:35+0500
2022-07-18T13:35+0500
2024-02-07T14:33+0500
дар тоҷикистон
маблағ
муҳоҷират
интиқол
пул
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048797729_0:316:3077:2047_1920x0_80_0_0_1b8c769ae30699738edae4d22cf6ad94.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Маблағҳо ба Тоҷикистон аз тариқи роҳҳои гуногун ворид карда мешаванд ва ба ҳамин далел маълумоти муайян, ки чӣ қадараш маблағи муҳоҷирон аст, мушаххас нест. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон аз масоилест, ки ҳар нишасти матбуотии Бонки миллии ҷумҳурӣ бардошта мешавад. Ӯ афзуд, чун дафъаҳои гузашта ин бор ҳам наметавонад маълумоти мушаххас ироа намояд ва сабабашро тавзеҳ дод. Далели надоштани маълумоти мушаххасро ба гуногунии каналҳои воридотии маблағ ба ҷумҳурӣ рабт дод. Вай илова намуд, дар кадом корти бонкӣ чӣ қадараш маблағи интиқол асту чӣ қадараш маблағи худи мизоҷ, ки барои эҳтиёҷоташ гирифтааст, муайян нест. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, асосан Русия мераванд ва маблағи интиқолдодаи онҳо таъминкунандаи асосии эътидоли иқтисодию иҷтимоӣ дар Ватан арзёбӣ мешавад. Расман ба иттилои мақомоти Тоҷикистон соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванд дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд. Аз шумораи умумии онҳо 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дар дигар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд,
https://sputnik.tj/20220718/hajm-qarz-khoriji-tojikiston--1050066989.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048797729_151:0:2880:2047_1920x0_80_0_0_74ddbb64a505593b502e610f8d0c5367.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, тоҷикистон, ватан,
муҳоҷирон, тоҷикистон, ватан,
Муҳоҷирони тоҷик чанд пул ба Ватан фиристодаанд: Бонки миллӣ фаҳмонд, ки чаро намедонад
13:35 18.07.2022 (Навсозишуда: 14:33 07.02.2024) Бонки миллии Тоҷикистон далели надоштани маълумоти мушаххас дар бораи ҳаҷми маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Маблағҳо ба Тоҷикистон аз тариқи роҳҳои гуногун ворид карда мешаванд ва ба ҳамин далел маълумоти муайян, ки чӣ қадараш маблағи муҳоҷирон аст, мушаххас нест.
Дар ин бора Фирдавс Толибзода, ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон аз масоилест, ки ҳар нишасти матбуотии Бонки миллии ҷумҳурӣ бардошта мешавад. Ӯ афзуд, чун дафъаҳои гузашта ин бор ҳам наметавонад маълумоти мушаххас ироа намояд ва сабабашро тавзеҳ дод.
Далели надоштани маълумоти мушаххасро ба гуногунии каналҳои воридотии маблағ ба ҷумҳурӣ рабт дод.
"Маблағҳо дар баробари Маркази миллии протсесингӣ, боз тавасссути кортҳои бонкӣ, тавассути суратҳисобҳо пешниҳод карда мешаванд", - изҳор дошт Толибзода.
Вай илова намуд, дар кадом корти бонкӣ чӣ қадараш маблағи интиқол асту чӣ қадараш маблағи худи мизоҷ, ки барои эҳтиёҷоташ гирифтааст, муайян нест.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, асосан Русия мераванд ва маблағи интиқолдодаи онҳо таъминкунандаи асосии эътидоли иқтисодию иҷтимоӣ дар Ватан арзёбӣ мешавад.
Расман ба иттилои мақомоти Тоҷикистон соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванд дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд.
Аз шумораи умумии онҳо 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дар дигар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд,