Эълони ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон: ба нисфи ММД-и кишвар наздик шуд

CC BY 2.0 / Tax Credits / CoinsМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар наздик мешавад, аммо Вазорати молия мегӯяд, ин ба меъёрҳои мавҷуда мувофиқ аст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии кишварро бар асоси натоиҷи шашмоҳаи соли ҷорӣ эълом кард.
Файзиддин Қаҳҳорзода, раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарияш гуфт, ки ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар ин давра ба 3 миллиарду 700 миллион долларро ташкил додааст.
Ба гуфтаи Қаҳҳорзода ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 46,3 фоизи ММД-ро ташкил дод, ки ба меъёрҳои мавҷуда, ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ мувофиқат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми қарзи дохилӣ 460 миллион сомониро ташкил додааст.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Маълум шуд, ки тоҷикистониҳо чӣ миқдор қарз гирифтаанд
Дар ин давра бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии қарзи беруна 926 миллион сомонӣ қарзи асосӣ ва фоизҳо ба маблағи 428 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет пардохт карда шуд.
Вазорати молия гуфт, ки барои пардохти қарзи хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 1 миллиарду 354 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Аз ин 926 миллион сомонӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 428 миллиони дигар барои пардохти фоизҳо сарф шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2021 қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 256 миллион сомонӣ баробар буд, ки он 38,2 фоизи ММД-и кишварро ташкил медод.
Дар ҳамин ҳол, тибқи "Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ" ҳадди ниҳоии қарз набояд аз 40%-и ММД-и кишвар зиёд бошад.
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, касри буҷаи давлатиро аз кадом маблағҳо пур мекунад
Қарзи берунии кишвар ин ӯҳдадориҳои умумии пулии давлат мебошад, ки ҳамчун маблағи пул ифода ёфта, бояд дар санаи муайян ба кредиторони хориҷӣ баргардонида шаванд.
Ин қарзи умумии беруна ва фоизҳои пардохтнашудаи он мебошад.
Одатан қарзи беруниро ҳукумати кишвар ва субъектҳои он, ташкилотҳои қарзию молияви, корхонаҳои калон ва ташкилотҳои қарзию молиявии дигар мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0