Ҳаракати қатор миёни Тоҷикистону Русия оғоз мешавад

© Sputnik Пассажирский поезд, который отправился с ж/д вокзала Душанбе в Ташкент
Пассажирский поезд, который отправился с ж/д вокзала Душанбе в Ташкент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Ҳаракати қаторҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Русия баъди тақрибан 2,5 соли танаффус ба далели коронавирус, аз сар гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Қатори мусофирбар миёни Тоҷикистону Русия рӯзи 30 августи соли равон ба ҳаракат оғоз мекунад, хабар дод корхонаи "Роҳи оҳани Русия".
Манбаъ зикр кардааст, ки ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистону Русия ба далели авҷи коронавирус 17 марти соли 2020 мутаваққиф шуда буд.
Корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" низ азсаргирии ҳаракати қаторҳои мусофирбар дар самти Русияро таъйид кардааст.
"Бар асоси маълумотномаи КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ҳаракати қаторҳои мусофирбар бо Русия аз 30 августи соли равон дигарбора оғоз мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Автобусный вокзал Asian Express Terminal, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Ҳаракати автобус дар масири Душанбе - Маскав оғоз мешавад: ба киҳо иҷозаи сафар аст
Тавзеҳ дода шудааст, ки бар асоси реҷаи тартибдодашуда аз 30 август ҳар ҳафта як бор - рӯзҳои сешанбе қатори мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба самти Волгоград ба роҳ мебарояд. Бозгашти қатор дар ин масир, аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин ҳаракати қатори мусофирбар миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Волгоград низ дар назар аст, ки ҳафтае як бор сурат мегирад. Қатор дар ин самт аз 7 сентябр ба ҳаракат медарояд. Аз ҷумла ҳаракати қаторҳо аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзҳои чоршанбе ва баръакс рӯзҳои шанбе пешбинӣ гардидаст.
Ин дар ҳолест, ки аз оғози пандемия мусофирон танҳо аз роҳи ҳавоӣ метавонистанд, аз Тоҷикистон ба Русия сафар кунанд. Баъдан ҳаракат аз тариқи автобусҳо роҳандозӣ шуд ва акнун эҳёи ҳаракати қаторҳо дар ин самт дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0