Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд ба 177 адад расид

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Хуҷанд, ки яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон мебошад, дар нимсолаи аввали соли равон қариб 650 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид кардааст
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ дар шаҳри Хуҷанд, тайи нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 74 млн сомонӣ афзоиш ёфта, ба 647 млн сомонӣ баробар шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, аз ҷумла тайи нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 192 млн сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот карда шудааст.
Таъкид шудаст, ки содироти маҳсулоти саноатӣ аз Хуҷанд нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26% афзоиш ёфт. Аз ҷумла аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва ғайра истеҳсол шуда, ба 16 давлати хориҷӣ содир гардидаст.
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатӣ дар Хатлон
"Дар ин давра 8 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 177 адад расид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои навбунёд 105 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки 92 корхона маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 357 млн сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 74,6 млн. сомонӣ ё 26,4 фоиз зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0