https://sputnik.tj/20220715/faoliyat-bozmondani-korkhonai-sanoati-khatlon-1050016674.html
Аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатӣ дар Хатлон
Аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатӣ дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон дар вилоят 49 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст
2022-07-15T15:30+0500
2022-07-15T15:30+0500
2022-07-15T20:03+0500
дар тоҷикистон
хатлон
фаъолият
коргоҳ
саноат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/07/1026830717_21:0:993:547_1920x0_80_0_0_9824e415377a97f1e5799230d9af9ac8.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабабаҳои гуногун 49 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмонданд.Вай таъкид кардааст, ки дар натиҷаи аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ беш аз 947 нафар ҷойи кори худро аз даст доданд.Сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон қайд кард, ки дар шаҳри Кӯлоб се корхона, аз ҷумла ҶДММ “Амон Ш-1” бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулот ва надоштани маблағи гардон, КВД “Зари Кӯлоб” бо сабаби муфлисшавӣ, ва ба ин монанд, қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатие ҳастанд, ки аз фаъолият бозмонданд.Ҳамзамон мақомдори тоҷик зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 43 коргоҳу корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шуданд.Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 674 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20220714/bunyodi-korkhona-korgoh-sohibkoron-khatlon-1050001712.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/07/1026830717_142:0:871:547_1920x0_80_0_0_7cbd94344f709c6992b44f0fcdeb30e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, корхона, саноатӣ, фаъолият, бозмонд
тоҷикистон, хатлон, корхона, саноатӣ, фаъолият, бозмонд
Аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатӣ дар Хатлон
15:30 15.07.2022 (Навсозишуда: 20:03 15.07.2022) Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки дар шаш моҳи соли равон дар ин вилоят 49 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабабаҳои гуногун 49 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмонданд.
Вай таъкид кардааст, ки дар натиҷаи аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ беш аз 947 нафар ҷойи кори худро аз даст доданд.
“Сабабҳои аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатиро ба фурӯш нарафтани маҳсулоти худи корхона, муфлисшавӣ, набудани маблағ ва дигар омилҳо арзёбӣ кард”, - таъкид кард оқои Ҳакимзода.
Сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон қайд кард, ки дар шаҳри Кӯлоб се корхона, аз ҷумла ҶДММ “Амон Ш-1” бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулот ва надоштани маблағи гардон, КВД “Зари Кӯлоб” бо сабаби муфлисшавӣ, ва ба ин монанд, қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатие ҳастанд, ки аз фаъолият бозмонданд.
Ҳамзамон мақомдори тоҷик зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 43 коргоҳу корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шуданд.
Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 674 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.