https://sputnik.tj/20220717/rustam-emomali-tamoku-sharob-rahmon-1050049712.html
Рустами Эмомалӣ нигаронияшро дар мавриди тамокую шароб ба Раҳмон баён дошт
Рустами Эмомалӣ нигаронияшро дар мавриди тамокую шароб ба Раҳмон баён дошт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо додситони кулли ҷумҳурӣ масъалаи муомилоти тамоку ва машруботи спиртиро дар кишвар ба миён гузошт 17.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-17T14:36+0500
2022-07-17T14:36+0500
2022-07-18T13:37+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
дарсад
кам
вазорати тандурустӣ
"тоҷикстандарт"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101643/10/1016431056_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_e55eb48e1510377f8ffbd87fc18ec609.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазъи муомилоти маҳсулоти тамоку ва спиртӣ дар Тоҷикистон таҳлил карда шавад, дастур дод Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар супориш дод, ки якҷо бо дигар сохторҳои марбута вазъи муомилоти маҳсулоти тамоку ва машруботи спиртӣ дар бозори истеъмолии кишварро таҳлил намоянду бахусус харидуфурӯши онро аз ҷониби ноболиғон пешгирӣ намоянд. Раиси Маҷлиси миллӣ хостааст, ки барои такмили қонунгузорӣ дар самти муомилоти тамоку ва маҳсулоти спиртӣ таклифҳо ироа гарданд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 регламенти нави техникии истеҳсоли машрубот мавриди амал қарор гирифт.Ба иттилои масъулини "Тоҷикстандарт", қаблан чандин санад буд, ки истеҳсоли машрубот бо такя ба онҳо танзим мешуд. Аммо бо омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва меъёрҳои давлатҳои дигар регламенти ягона таҳия шудааст.Бар асоси санади ҷадид, дараҷаи арақи тавлиди кишвар набояд аз 38 дарсад кам бошад.Дар мавриди ин иддао, ки дараҷаи бештар ба саломатӣ зарари зиёдтар дорад, масъулини "Тоҷикстандарт" изҳор доштанд, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ дар ин бора муроҷиат карданд. Онҳо посух гирифтаанд, ки тақвияти дараҷа мизони зарарро тағйир намедодааст.Тавлиди маҳсулоти спиртӣ дар ҷумҳурӣ соли гузашта 2021 ҳудуди 50 ҳазор декалитр, ки 1 декалитр муодили 10 литр мебошад, нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз 14% камтар аст.
https://sputnik.tj/20220609/garontarin-tamok-mashrubot-osiyoi-markazi-1049062060.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101643/10/1016431056_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_b04611283c7a2816b00e6c7e28262179.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, дарсад, кам, вазорати тандурустӣ, "тоҷикстандарт"
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, дарсад, кам, вазорати тандурустӣ, "тоҷикстандарт"
Рустами Эмомалӣ нигаронияшро дар мавриди тамокую шароб ба Раҳмон баён дошт
14:36 17.07.2022 (Навсозишуда: 13:37 18.07.2022) Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо додситони кулли ҷумҳурӣ масъалаи муомилоти тамоку ва машруботи спиртиро дар кишвар ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазъи муомилоти маҳсулоти тамоку ва спиртӣ дар Тоҷикистон таҳлил карда шавад, дастур дод Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар супориш дод, ки якҷо бо дигар сохторҳои марбута вазъи муомилоти маҳсулоти тамоку ва машруботи спиртӣ дар бозори истеъмолии кишварро таҳлил намоянду бахусус харидуфурӯши онро аз ҷониби ноболиғон пешгирӣ намоянд.
Раиси Маҷлиси миллӣ хостааст, ки барои такмили қонунгузорӣ дар самти муомилоти тамоку ва маҳсулоти спиртӣ таклифҳо ироа гарданд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 регламенти нави техникии истеҳсоли машрубот мавриди амал қарор гирифт.
Ба иттилои масъулини "Тоҷикстандарт", қаблан чандин санад буд, ки истеҳсоли машрубот бо такя ба онҳо танзим мешуд. Аммо бо омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва меъёрҳои давлатҳои дигар регламенти ягона таҳия шудааст.
Бар асоси санади ҷадид, дараҷаи арақи тавлиди кишвар набояд аз 38 дарсад кам бошад.
Дар мавриди ин иддао, ки дараҷаи бештар ба саломатӣ зарари зиёдтар дорад, масъулини "Тоҷикстандарт" изҳор доштанд, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ дар ин бора муроҷиат карданд. Онҳо посух гирифтаанд, ки тақвияти дараҷа мизони зарарро тағйир намедодааст.
Тавлиди маҳсулоти спиртӣ дар ҷумҳурӣ соли гузашта 2021 ҳудуди 50 ҳазор декалитр, ки 1 декалитр муодили 10 литр мебошад, нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз 14% камтар аст.