Гаронтарин тамоку ва машрубот дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ аст?

Обуна шудан
Соли равон дар баъзе кишварҳо нархи машрубот ва сигор боло рафт. Sputnik Тоҷикистон муайян кард, ки дар Осиёи Марказӣ нархи ин мавод чӣ қадар гарон шуд
Дар сегонаи кишварҳое, ки гаронарзиштарин машрубот он ҷо фурӯхта мешавад, Қирғизистон шомил шуд. Дар ин кишвар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ нархи машрубот ҳудуди нӯҳ фоиз баланд шуд.
Русия дар ҷои дуюм қарор гирифт.Қимати машрубот дар ин кишвар дар семоҳаи аввали соли 2022, 5,3% афзоиш ёфтааст.
Дар ҷойи саввум Қирғзистон қарор дорад. Дар ин кишвар арзиши машрубот 4,1 гарон шуд.
Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҷои охирин қарор дорад. Нархи машрубот дар мамлакат 0,6 фоиз баланд шуд.
Дар феҳристи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар се моҳи аввали соли 2022 нархи сигор боло рафтааст, Тоҷикистон баръакс дар ҷои аввал аст. Нархи маҳсулоти тамоку дар ҷумҳурӣ қариб 13 фоиз афзуд.
Дар зинаи дуюми Қазоқистон (5,8%) ва дар зинаи сеюм Қирғизистон (4,1%) қарор доранд. Дар ҷои охир Русия аст, ки нархи сигор 2,2% боло рафтааст.
Дар Қирғизистон теъдоди занони носкаш ҳафт ва мардон се баробар афзоиш ёфтааст
Қобили зикр аст, ки тасвирбаён аз рӯи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, Кумитаи миллии омори Қирғизистон, Бюрои омори миллии Қазоқистон ва Хадамоти федеролии давлатии омори Федератсияи Русия тартиб дода шудааст.
Дар бораи болоравии қимати машрубот ва тамоку дар Ӯзбекистон ва Туркманистон маълумот рӯи даст нест.
Лентаи хабарҳо
0