Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Душанбе баргашт

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские мусульмане отправляются в хадж из аэропорта в Душанбе, архивное фото
Таджикские мусульмане отправляются в хадж из аэропорта в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе пайвандони зоирони хонаи Худо ба пешвози онҳо омаданд ва саҳни фурудгоҳ серодам аст
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик пас аз адои маросими ҳаҷ ба ватан баргаштанд.
Сухангӯи Кумитаи дин Афшини Муқим бо нашр намудани чанд акс дар сафҳаи иҷтимоии худ аз бозгашти нахустин ҳоҷиёни тоҷик хабар дод.
"Нахустин гурӯҳи зоирони Тоҷикистон ҳоло ба Ватан расиданд", - навиштааст Афшини Муқим.
Зимнан, саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе серодам буда, теъдоди зиёди одамон барои пешвози ҳоҷиён омадаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 20 июн, пас аз ду соли маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.
Таджикские мусульмане отправляются в хадж из аэропорта в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои зиёрати хонаи Худо
Тибқи иттилои Кумитаи дин, имсол дар умум 3562 нафар ба ҳаҷ мераванд. Хароҷоти он барои як зоири Тоҷикистон 60 ҳазору 520 сомонӣ ё 5350 доллар аст.
Қаблан Кумитаи дин аз дагузашти ду зоири тоҷик хабар дод, ки яке Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри исфара ва дуввумӣ Қизларгул Тоҷиеваи 64-сола аз ноҳияи Қубодиён будаанд. Илати фавти ин зоири тоҷикро Кумитаи сактаи дил арзёбӣ кард.
Ду зоири тоҷик дар Макка фавтиданд: ҷанозаи онҳо дар Масҷидулҳаром баргузор шуд
Зикр гардид, ки маросими ҷанозаи онҳо дар Масҷидулҳаром баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0