https://sputnik.tj/20220620/nakhustin-guruhi-zoironi-tojik-parvoz-kard-1049339603.html
Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои зиёрати хонаи Худо
Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои зиёрати хонаи Худо
Sputnik Тоҷикистон
Маросими ҳаҷ бо риояи шадиди қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор шуда, гуруҳи охирин зоирини тоҷик 17 июл вориди хоким Арабистон мешаванд
2022-06-20T10:55+0500
2022-06-20T10:55+0500
2022-06-20T15:04+0500
ҳаҷ
дар тоҷикистон
дин ва оин
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/05/1026400564_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_55c5ec05c52da32c58aac2f03ed95820.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Пас аз ду соли маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кард.Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ин гурӯҳро Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намуданд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раиси Кумита дар баробари таҳният гуфтани зоирон ба муносибати шарафёб гардидан ба адои зиёрати хонаи Худо инчунин таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуд. Вай афзуд, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон низ оғози дубораи сафарбарнамоии зоирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, ба ин муносибат зоирони тоҷикро табрику шодбош гуфт. “Дар охири маросими гусел вай аз номи Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим кард”, - гуфт ӯ. Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, парвози аввал ҳудуди 155 зойирро дарбар гирифт ва дар умум 3562 нафар имсол ба ҳаҷ мераванд. Маросими ҳаҷ ё зиёрати хонаи Худо пас аз хуруҷи вируси КОВИД 19 дар соли 2020 мутаваққиф шуда, ҳоло дигарбора оғоз шудааст. Хароҷоти он барои як зойири Тоҷикистон 60 ҳазору 520 сомонӣ ё 5350 доллар аст. Парвози зойирон то 2-3 июли соли равон идома ёфта, бозгашт аз 17 июл оғоз мешавад.
https://sputnik.tj/20220602/narkh-safr-haj-garon-1048882045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/05/1026400564_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_701281ff1c6a593a592e2a7aefe03411.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар зоирон тоҷик зиёрат хона худо
сафар зоирон тоҷик зиёрат хона худо
Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои зиёрати хонаи Худо
10:55 20.06.2022 (Навсозишуда: 15:04 20.06.2022) Маросими ҳаҷ бо риояи шадиди қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор шуда, гурӯҳи охирин зоирини тоҷик 2-3 июл вориди хоки Арабистон мешаванд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Пас аз ду соли маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ин гурӯҳро Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намуданд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раиси Кумита дар баробари таҳният гуфтани зоирон ба муносибати шарафёб гардидан ба адои зиёрати хонаи Худо инчунин таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуд.
“Раиси Кумита таъкид дошт, ки ҳарчанд вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, хатари ин беморӣ ҳанӯз вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, дар кишвари мизбони ҳаҷ бо риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ солимии худро бояд ҳифз намоянд”, - гуфт Афшини Муқим.
Вай афзуд, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон низ оғози дубораи сафарбарнамоии зоирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, ба ин муносибат зоирони тоҷикро табрику шодбош гуфт.
“Дар охири маросими гусел вай аз номи Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим кард”, - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, парвози аввал ҳудуди 155 зойирро дарбар гирифт ва дар умум 3562 нафар имсол ба ҳаҷ мераванд.
Маросими ҳаҷ ё зиёрати хонаи Худо пас аз хуруҷи вируси КОВИД 19 дар соли 2020 мутаваққиф шуда, ҳоло дигарбора оғоз шудааст.
Хароҷоти он барои як зойири Тоҷикистон 60 ҳазору 520 сомонӣ ё 5350 доллар аст. Парвози зойирон то 2-3 июли соли равон идома ёфта, бозгашт аз 17 июл оғоз мешавад.