https://sputnik.tj/20220716/sokinon-jabbor-rasulov-bozdosht-qirghiziston-raho-1050040763.html
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз як моҳи боздошт дар Қирғизистон раҳо шуданд
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз як моҳи боздошт дар Қирғизистон раҳо шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи 11 нафараи сокинони ҷамоати Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба убури ғайриқонунии марз мутаҳам мешуданд ба хонаҳои худ баргаштаанд
2022-07-16T17:42+0500
2022-07-16T17:42+0500
2022-07-18T14:59+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
боздошт
раҳоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/00/1026390019_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_bbdd1411d800cdb4dc92c937e2ef1f10.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Гурӯҳи 11-нафараи сокинони ҷамоати Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба убури ғайриқонунии марз мутаҳам мешуданд, ба хонаҳои худ баргаштаандДар ин бора Нодир Усмонзода, раиси ҷамоати Қӯрғонча дар зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҳар кадоми онҳо дар манзилҳои худ назди пайвандонашон қарор доранд.Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рӯзи 3 июни соли ҷорӣ алайҳи ин гурӯҳи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, барои убури ғайриқонунии марз ҳукм содир карда буд. Ин гурҳҳи сокинонро шаҳрванди Қирғизистон, барои истихроҷи ангишт дар кони шаҳраки Сулуктаи ин кишвар ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудааст. Додгоҳ дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ онҳоро барои убури ғайриқонунии марз дар умум ба пардохти 550 ҳазор сом, муодили 6,9 ҳазор доллар ҷарима ва як моҳ кор ба нафъи ҷамъият муҷозот намуда буд. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, афроди муҷозотшуда ҳама мард ва сокинони ӯзбектабори деҳоти Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, аз 21 то 45 сол син доштаанд. Раиси ҷамоати Қурғонча гуфт, пардохти маблағи ҷаримаи сокинонро соҳибкори қирғиз худаш пардохт намудааст. Чанд рӯз қабл ин афрод баъди ба итмом расидани як моҳ корҳои ислоҳӣ дар кони ангишти ба зодгоҳи худ баргаштаанд. Ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Вале бо сабаби рухдоди муноқишаи марзӣ аз моҳи майи соли гузашта то ба ҳол сарҳади миёни ду кишвари ҳамсоя Қирғизистону Тоҷикистон баста аст.
https://sputnik.tj/20220513/bozdoshti-tojik-qirghiziston-sabab-1048412230.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/00/1026390019_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_5ac23c866bba974a3ca7549e30ec9681.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокинон ҷаббор расулов боздошт қирғизистон раҳо
сокинон ҷаббор расулов боздошт қирғизистон раҳо
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз як моҳи боздошт дар Қирғизистон раҳо шуданд
17:42 16.07.2022 (Навсозишуда: 14:59 18.07.2022) Гурӯҳи 11-нафараи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба убури ғайриқонунии марз мутаҳам мешуданд, ба хона баргаштанд
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Гурӯҳи 11-нафараи сокинони ҷамоати Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба убури ғайриқонунии марз мутаҳам мешуданд, ба хонаҳои худ баргаштаанд
Дар ин бора Нодир Усмонзода, раиси ҷамоати Қӯрғонча дар зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ҳоло ҳар кадоми онҳо дар манзилҳои худ назди пайвандонашон қарор доранд.
“Вазъи марз бо Қирғизистон муътадил аст. 11 сокини ҷамоат, ки додгоҳи ноҳияи Лайлак барои убури ғайриқонунии марз боздошт ва муҷозот намуда буд, ҳоло ба хонаҳои худ баргаштаанд. Ҷаримаи онҳо аз ҷониби соҳибкори қирғизистонӣ, ки ба кор ҷалб намуда буд пардохт карда шудааст”, – гуфт, раиси ҷамоати Қурғонча.
Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рӯзи 3 июни соли ҷорӣ алайҳи ин гурӯҳи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, барои убури ғайриқонунии марз ҳукм содир карда буд. Ин гурҳҳи сокинонро шаҳрванди Қирғизистон, барои истихроҷи ангишт дар кони шаҳраки Сулуктаи ин кишвар ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудааст.
Додгоҳ дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ онҳоро барои убури ғайриқонунии марз дар умум ба пардохти 550 ҳазор сом, муодили 6,9 ҳазор доллар ҷарима ва як моҳ кор ба нафъи ҷамъият муҷозот намуда буд.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, афроди муҷозотшуда ҳама мард ва сокинони ӯзбектабори деҳоти Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, аз 21 то 45 сол син доштаанд.
Раиси ҷамоати Қурғонча гуфт, пардохти маблағи ҷаримаи сокинонро соҳибкори қирғиз худаш пардохт намудааст.
Чанд рӯз қабл ин афрод баъди ба итмом расидани як моҳ корҳои ислоҳӣ дар кони ангишти ба зодгоҳи худ баргаштаанд.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Вале бо сабаби рухдоди муноқишаи марзӣ аз моҳи майи соли гузашта то ба ҳол сарҳади миёни ду кишвари ҳамсоя Қирғизистону Тоҷикистон баста аст.