Боздошти 11 тоҷикистонӣ дар Қирғизистон: сабаб

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкЗаключенные в исправительной колонии, архивное фото
Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Шаҳрвандони дар вилояти Бодканд боздоштшудаи Тоҷикистон, ки 11 нафаранд, ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қарор доранд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар вилояти Бодканд 11 тоҷик боздошт шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳоло ҳамаи онҳо дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешаванд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар яке аз анборҳои ангишт дар Сулукта ғайриқонунӣ кор мекардаанд. Ҳамаи онҳо зодагон ва сокинони вилояти Суғд гуфта мешаванд.
Ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ дар Қирғизистон аллакай алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Вазирони Қирғизистон ва Ӯзбекистон кушта шудани се тан дар марзро баррасӣ карданд
Ёдовар мешавем, қаблан дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон як ҳодисаи маргбор рух дода буд. Сарбозони Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон ба сӯйи се шаҳрванди Қирғизистон тир кушодаанд.
Ҳодиса дар мавзеи Добо-Қӯрғони ҷамоати деҳоти Актами ноҳияи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод рух дод.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ҳар се нафар ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол ёфтанд, аммо ба ҳуш наомада, аз ҷароҳатҳои бардоштаашон ҷон доданд.
Баъди мулоқоти намояндагони навоҳии Ала-Бука бо ҳамтоёнашон аз ноҳияи Янги Қӯрғон намояндагони Бишкек даъво пеш оварданд.
Дар навбати худ ҳайати Тошканд изҳор дошт, марзбонони Ӯзбекистон як гурӯҳи қирғизҳоро ошкор кардааст, ки ба интиқоли ғайриқонунии нуриҳои минералӣ аз тариқи марз машғул буданд.
Лентаи хабарҳо
0