Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Русия сатҳи масунияти оммавӣ алайҳи COVID-19 паст шудааст

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВвод обязательной вакцинации пожилых от Covid-19 в части регионов России
Ввод обязательной вакцинации пожилых от Covid-19 в части регионов России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Сатҳи масунияти оммавӣ алайҳи коронавирус дар Федератсияи Русия то 14,3 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳафтае пеш ин нишондод 16,6% гуфта мешуд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Масунияти оммавӣ ба сирояти коронавирус дар Русия то 14,3% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад портали stopcoronavirus.rf.
Гуфта мешавад, ки бо ҷузъи аввали ваксинаи зидди COVID-19 - 93,3 миллион маротиба моякӯбӣ шудааст бо ҷузъи дуюм 88 824 119 маротиба.
"Масунияти оммавӣ — 14,3%", — гуфта мешавад дар гузориш.
Як ҳафта пеш, сатҳи масунияти умумӣ ба сирояти коронавирус дар кишвар 16,6% буд.
Ин дар ҳолест, ки дар саросари Русия эмкунӣ бар зидди коронавирус гузаронида мешавад.
Вазорати тандурустии Русия моҳи августи соли 2020 аввалин ваксинаи алайҳи COVID-19-ро дар ҷаҳон ба қайд гирифт, ки аз ҷониби Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиологии Гамалея таҳия шудааст. Он "Sputnik V" ном дорад.
Инчунин дар Русия ваксинаҳои EpiVacCorona аз маркази Вектори Роспотребнадзор ва КовиВак, ки аз ҷониби Маркази Чумакови Академияи илмҳои Русия таҳия шудаанд, истифода мешаванд.
Пассажиры на платформе вокзала в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
COVID-19: даъвати СҶБ аз ҷаҳон барои дубора ҷорӣ кардани низоми ниқобпӯшӣ
Авоили моҳи майи соли 2021 дар бораи сабти номи чорумин ваксинаи Sputnik Light маълум шуд.
Охири моҳи августи соли 2021 Вазорати тандурустии Русия як ваксинаи дигари Маркази Вектор - ЭпиВакКорона-Н-ро ба қайд гирифт ва 24 ноябр аввалин ваксинаи ватанӣ бар зидди коронавирус барои наврасон Гам-COVID-Вак М ба қайд гирифта шуд.
Нимаи дуюми моҳи март Вазорати тандурустӣ ваксинаеро ба қайд гирифт, ки аз ҷониби мутахассисони FMBA Konvasel таҳия шудааст.
Сабти нахустин ҳолати сурхакони ҳамдуна дар Русия
Рӯзи 1 апрел Вазорати тандурустии Русия эълон кард, ки аввалин ваксинаи димоғӣ дар ҷаҳонро алайҳи COVID-19 сабти ном кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия ҳамаи маҳдудиятҳои ковидиро лағв кард, вале СҶБ аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки ба далели дубора авҷ гирифтани бемории коронавирус пӯшидани ҳатмии ниқоб ва дигар роҳҳои пешгирикунандаро ҷорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0