https://sputnik.tj/20220714/covid-jahon-jori-kardan-niqobpushi-1049994359.html
COVID-19: даъвати СҶБ аз ҷаҳон барои дубора ҷорӣ кардани низоми ниқобпӯшӣ
COVID-19: даъвати СҶБ аз ҷаҳон барои дубора ҷорӣ кардани низоми ниқобпӯшӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари СҶБ гуфт, ки хотиммаи пандемияи коронавирус ҳоло "дур аст", гарчанде ки аксари кишварҳо ба шарофати ваксиназанӣ ҳамаи маҳдудиятҳоро лағв кардаанд
2022-07-14T15:30+0500
2022-07-14T15:30+0500
2022-07-14T16:33+0500
коронавирус
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
сҷб
маҳдудият
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032420200_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_9bb77dd561d261561bbff2c82dfead4d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адҳаном Гебрейесус аз давлатҳо даъват кард, ки режими ниқобпӯширо дар паи паҳншавии дигарбораи коронавирус ҷорӣ кунанд. Суханони ӯро шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" иқтибос овардааст. Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки пандемия "ба анҷом нарасидааст", сарфи назар аз он, ки бисёре аз кишварҳо ба шарофати ваксиназании аҳолӣ тамоми маҳдудиятҳои коронавирусро лағв кардаанд. Вай гуфт, ки навъҳои ҷадиди штамми omicron то ҳол боиси мавҷҳои нави сироят, бистарӣ шудан ва марги одамон дар саросари ҷаҳон мешаванд. Вай аз мақомоти миллии кишварҳо даъват кард, ки "усулҳои исботшудаи мубориза бо пандемия" - пӯшидани ниқоб, барномаҳои санҷишӣ ва табобатро баргардонанд.Ин дар ҳолест, ки дар Русия аз аввали моҳи июл ва дар Тоҷикистон пештар тамоми маҳдудиятҳое, ки ба далели паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуда буданд, қатъ карда шуданд.Бекор шудани маҳдудиятҳо дар Русия, ба низоми ниқобпӯшӣ, шабнишиниҳо ва як қатор чораҳои дигар дахл дорад.
https://sputnik.tj/20220701/rusiya-mahdudiyatho-karona-lagv-1049657403.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032420200_145:0:1852:1280_1920x0_80_0_0_16751ca11adc96877db64362c55c7f74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳон, covid, низоми ниқобпӯшӣ
ҷаҳон, covid, низоми ниқобпӯшӣ
COVID-19: даъвати СҶБ аз ҷаҳон барои дубора ҷорӣ кардани низоми ниқобпӯшӣ
15:30 14.07.2022 (Навсозишуда: 16:33 14.07.2022) Раҳбари СҶБ гуфт, ки хотимаи пандемияи коронавирус ҳоло "дур аст", гарчанде аксари кишварҳо ба шарофати ваксиназанӣ ҳамаи маҳдудиятҳоро лағв кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адҳаном Гебрейесус аз давлатҳо даъват кард, ки режими ниқобпӯширо дар паи паҳншавии дигарбораи коронавирус ҷорӣ кунанд.
Суханони ӯро шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" иқтибос овардааст.
Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки пандемия "ба анҷом нарасидааст", сарфи назар аз он, ки бисёре аз кишварҳо ба шарофати ваксиназании аҳолӣ тамоми маҳдудиятҳои коронавирусро лағв кардаанд.
Вай гуфт, ки навъҳои ҷадиди штамми omicron то ҳол боиси мавҷҳои нави сироят, бистарӣ шудан ва марги одамон дар саросари ҷаҳон мешаванд.
"Ман нигаронам, ки шумораи гирифторони COVID-19 дар ҳоли афзоиш аст. Ин ба низоми беҳдоштӣ ва кормандони соҳаи тиб фишори иловагӣ меорад. Ман инчунин аз афзоиши тамоюли фавт нигаронам", - гуфт Гебрейесус.
Вай аз мақомоти миллии кишварҳо даъват кард, ки "усулҳои исботшудаи мубориза бо пандемия" - пӯшидани ниқоб, барномаҳои санҷишӣ ва табобатро баргардонанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Русия аз аввали моҳи июл ва дар Тоҷикистон пештар тамоми маҳдудиятҳое, ки ба далели паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуда буданд, қатъ карда шуданд.
Бекор шудани маҳдудиятҳо дар Русия, ба низоми ниқобпӯшӣ, шабнишиниҳо ва як қатор чораҳои дигар дахл дорад.