https://sputnik.tj/20220715/majlis-milli-mahdudiyat-qabul-maktab-masjid-1050029178.html
Маҷлиси миллӣ маҳдудиятҳо барои кор дар мактабу масҷидро пазируфт
Маҷлиси миллӣ маҳдудиятҳо барои кор дар мактабу масҷидро пазируфт
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйирот ба қонунҳо "Дар бораи маориф" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро қабул намуд
2022-07-15T20:55+0500
2022-07-15T20:55+0500
2022-07-15T20:55+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
маҷлиси миллӣ
қонун
тағйирот
қабул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103064/86/1030648642_0:246:3001:1934_1920x0_80_0_0_820d1fa2e3713afd6c06f56f8cb5937f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон, ки Маҷлиси миллӣ қабул кард, барои бархе аз маҳкумшудаҳо кор ба ҳайси ходими дин ва ё дар муассисаҳои таълимиро мамнуъ мекунад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, ҳадафи тағйирот дар қонунгузорӣ пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва ноболиғон мебошанд. Дар ин робита ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва меҳнат низ ворид карда шудаанд. Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи маориф, шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят нисбати ноболиғон якумра аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум шудаанд, ба муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ба кор қабул карда намешаванд. Ҳамчунин тағйирот ба қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ муқаррар кардааст, ки на ҳар кас метавонад, имомхатиб шавад. Аз ҷумла дар қонун мушаххас шудааст, ки кадом шахсон наметавонанд, ходими дин шаванд.Дар ин феҳраст, афроде қарор гирифтаанд, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содир кардаанд.Афроди дастандаркори ҷиноёти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд, муқаррар кардааст тағйироти нав дар қонун.
https://sputnik.tj/20220714/majlis-milli-muarrifi-naqliyot-nasb-1049974493.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103064/86/1030648642_100:0:2767:2000_1920x0_80_0_0_ec71e7e1884e2c0b290df099f772eeb5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корманд, масҷид, мактаб, наметавонанд
корманд, масҷид, мактаб, наметавонанд
Маҷлиси миллӣ маҳдудиятҳо барои кор дар мактабу масҷидро пазируфт
Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйирот ба қонунҳо "Дар бораи маориф" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро қабул кард
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон, ки Маҷлиси миллӣ қабул кард, барои бархе аз маҳкумшудаҳо кор ба ҳайси ходими дин ва ё дар муассисаҳои таълимиро мамнуъ мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, ҳадафи тағйирот дар қонунгузорӣ пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва ноболиғон мебошанд. Дар ин робита ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва меҳнат низ ворид карда шудаанд.
Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи маориф, шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят нисбати ноболиғон якумра аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум шудаанд, ба муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ба кор қабул карда намешаванд.
Ҳамчунин тағйирот ба қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ муқаррар кардааст, ки на ҳар кас метавонад, имомхатиб шавад. Аз ҷумла дар қонун мушаххас шудааст, ки кадом шахсон наметавонанд, ходими дин шаванд.
Дар ин феҳраст, афроде қарор гирифтаанд, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содир кардаанд.
Афроди дастандаркори ҷиноёти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд, муқаррар кардааст тағйироти нав дар қонун.