Маҷлиси миллӣ нишонашро муаррифӣ кард: Дар бино, сари сина ва нақлиёт насб мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевТабличка на здании парламента Республики Таджикистан
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон нишони қабулкардаашро муаррифӣ намуда афзуд, ки мақсади он тақвияти фаъолияти ин ниҳод мебошад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон нишони палатаи болоии парлумонро тасдиқ ва муаррифӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумон, нишони Маҷлиси миллии Тоҷикистон рамз ва муаррификунандаи Маҷлиси миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад.
"Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврашакл буда, ранги хокистарӣ дорад ва дар дохили давра сутуни заррин ҷойгир шуда, дар он Парчами давлатии ҷумҳурӣ тасвир ёфтааст", - омадааст дар муаррифинома.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар болои сутун ҳамчун рамзи адолат тарозуи дупалладори заррин ва болотар аз он устувонаи Куруши Кабир чун рамзи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва қадимӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ниёгон ҷой гирифтааст.
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи навбатӣ чиро баррасӣ хоҳанд кард?
Дар атрофи сутун шохаҳои дарахти ғор ҳамчун рамзи пойдории қонуният бо ранги зарҳалӣ тасвир ёфтаанд. Даври нишон бо хати кабуди баланд тасвир ёфта, бо ранги сафед дар қисмати болоии он "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дар поёни он "Маҷлиси Миллӣ" навишта шуда, бо ду сенуқта аз ҳам ҷудо карда шудаанд.
Таъкид гардидааст, ки ин Нишони расмӣ ва ё тасвири он дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, либоси хизматӣ, нишони хизматию сарисинагӣ, ашёи номӣ, таҷҳизоту ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муҳрҳо ҷой мегирад.
Инчунин нишони ҷадид биною иншооти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0