Байден пинҳонӣ аз толибон пуштибонӣ мекунад? Президенти ИМА дар чӣ гумонбар аст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция президента США Дж. Байдена
Пресс-конференция президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Ҷумҳурихоҳон бори дигар эълом карданд, ки аз мухолифон дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд. Суханронӣ ба манзури оштӣ бо толибон аз заъфи Амрико шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ба пуштибонӣ аз толибон муттаҳам мешавад. Дар ин бора сенатори ҷумҳурихоҳ аз иёлати Иллинойс Адам Кинзингер изҳорот дод.
Матни муроҷиат дар вебсайти сиёсатмадор нашр шудааст. Вай иддао мекунад, ки сарвари Қасри Сафед "иродаи дифоъ аз некиро гум кардааст".
Ба гуфтаи Кинзингер, суботи қаблии ноустувор дар Афғонистон аз байн рафта, кишвар ба паноҳгоҳи террористон табдил ёфтааст. Вай таъкид кард, ки толибон низ барои дифоъ аз ҳуқуқи занон ва қонеъ кардани дархостҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳозир нестанд.
Кинзингер гуфт, ки лафзи оштӣ нисбат ба мақомоти нави Афғонистон аз заъфи Вашингтон шаҳодат медиҳад. Дар айни замой вай ба тарафдории Ҷабҳаи муқовимати миллӣ баромад кард.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Масъуд аз табдили Афғонистон ба пойгоҳи амни террористон ва хатари он ба минтақа гуфт
Сиёсатмадор қайд кард, ки мухолифини режими толибон ягона муттаҳиди ИМА аст, ки дар Афғонистон боқӣ мондааст.
Матбуот борҳо навишта буд, ки Кохи Сафед толибонро бо яроқу аслиҳаи гуногун, ки қушунҳои Америко ҳангоми тарки ҷумҳурӣ партофта рафтанд, дастгирӣ мекунанд.
Миёни солҳои 2005 ва 2021 Вашингтон ба маблағи 18,6 миллиард доллар кумаки низомӣ ба Кобул додааст. Пас аз рӯйдодҳои моҳи августи соли 2021, таҷҳизот ба маблағи 7,12 миллиард доллар ба дасти толибон афтод.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, муддати тӯлонӣ аз сӯи ҷумҳурихоҳони Амрико ҳимоят мешавад.
Ҳамин тариқ, сенаторҳо Линдси Грэм ва Майк Волтз пас аз сӯҳбат бо намояндаи мухолифини Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан Байденро даъват карданд, ки ба додани курсӣ аз намояндагии ин ҳукумати худхонда дар СММ розигӣ надиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0