Афзоиши ҷиноятҳои террориву экстремистӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевГенпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боло рафтани омори ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, ба хабарнигорон гуфт, экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳоеанд, ки торафт дар ҷаҳони муосир вусъат меёбанд ва мубориза бар зидди он яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура маҳсуб меёбад.
“Кормандони мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонида, аз ҷониби онҳо дар нимсолаи якум 720 ҷиноятҳои чунин категорияҳо ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106 адад зиёд мебошад”, - гуфт вай.
Прокурори генералӣ дар ин мавриди тафсилоти бештар ироа накард.
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон провел встречу с Генеральным секретарем Шанхайской организации сотрудничества Чжан Мином - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Раҳмон бо дабири СҲШ мулоқот кард: аз мубориза бо терроризм ва вазъи Афғонистон гуфтанд
Дар гузашта мақомот ва маҳофили коршиноси аз ин эҳтимол суҳбат мекарданд, ки баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ташдид хоҳад ёфт.
Қаблан низ мақомоти Тоҷикистон аз боздошти аъзои ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар қаламрави кишвар хабар дода буданд. Бино бар гузоришҳои расмӣ дар гузашта аъзои ҳаракатҳои экстреместии “Ихвон-ул-муслимин”*, “Ҳизб-ут-Таҳрир”*, созмонҳои терроритии ҷамоати “Ансоруллоҳ”*, “Ҳаракати исломии Ӯзбекитстон”*, “Ал-қоида”* “ДОИШ”* ва ғайра аз сӯйи мақмоти Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.
Тоҷикистон ҳудуди 1400 километр бо Афғонистон марзи мушатарак дорад. 15 августи соли 2021 ҳаракати толибон* дар Афғонистон ба қудрат расид.
Бино ба гузоришҳо пас аз ба қудрат расидани толибон* фаъолиятҳои созмонҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар ташдид ёфтааст.
Моҳи гузашта Серей Шойгу, вазири дифоъи Русия, низ аз ташдиди фаъолиятҳои созмонҳои террористӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, дар шаҳри Маскав барои аввалин бор вазирони дифоъи кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон бо иттифоқи Русия дар чунин чаҳорчӯб як ҷаласаи хос гирифта буданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0